Вобаста ба дастовардҳо, дурнамои рушди ҷавонон ва варзиш ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсати давлатии ҷавонон: дастовардҳо ва дурнамои рушди ҷавонон ва варзиш дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд. Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд дар амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми босазо гузоранд.
Дар замони имрӯза вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр пурпечутоб буда, аз ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст зиракии сиёсӣ талаб менамояд. Ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ расида, тамоми саъю кӯшишро бояд ба ҳифзи он равона кард.
Зимни суҳбат ва мулоҳизаронӣ нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ бориз арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки дар баробари ғамхориҳои Пешвои миллат месазад, ки ҳар ҷавони тоҷик ҷавобан ба давлату миллати худ содиқу ғамхор бошад.
Сипас, барои фаъолияти пурсамар чанде аз фаъолону шахсиятҳои хизматнишондода ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо медалҳои сарисинагӣ ва сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






