Ҳайати Тоҷикистон дар Иҷлосияи 8-уми Платформаи глобалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар маросими кушодашавии Иҷлосияи 8-уми Платформаи глобалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ (UNDRR) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Платформаи глобалӣ аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ ташкил шуда, дар 3-4 сол як маротиба баргузор мегардад. Дар рафти кори он масъалаҳои мухталиф вобаста ба коҳиш додани офатҳои табиӣ баррасӣ карда мешаванд.
Дар кори Иҷлосияи имсола намояндагони зиёда аз 150 давлат ва намояндагони ташкилотҳои гуногун иштирок намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд






