Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қарзи давлатӣ дар ҷаҳон ба ҳадди рекордӣ, яъне 102 триллион доллар дар соли 2024 расид, ин ҳам дар ҳоле ки сеяки ин маблағ — 31 триллион ба кишварҳои рӯ ба рушд рост меояд. Онҳо 921 миллиард долларро танҳо барои фоизи қарз пардохт намуданд, ки ин низоми кори буҷаро носозгор намуда, хизматрасониҳои асосии давлатиро зери хатар мегузорад.
Тибқи гузориши нави Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) «Ҷаҳон дар қарз», аз соли 2010 қарзи давлатии кишварҳои рӯ ба рушд нисбат ба кишварҳои дар ҳоли рушд то ду маротиба афзоиш ёфт. Имрӯз 3,4 миллиард одамон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо барои додани фоизи қарз назар ба соҳаи тандурустӣ ва маориф бештар маблағ сарф мешавад.
«Қарз метавонад афзори манфиатовар барои рушд бошад, аммо дар сурати аз меъёр зиёд фишор метавонад иқтсодро суст ва ояндаро зери хатар мегузорад», — ҳушдор медиҳанд муаллифони гузориш.
Қарзи давлатии кишварҳои рӯ ба рушд аз рӯи минтақаҳо аз ҳам тафовут доранд: ба Осиё ва Уқёнусия 24 фоизи қарзи ҷаҳонӣ, ба Амрикои Лотинӣ — 5 фоиз, ба Африқо – ҳамагӣ 3 фоиз рост меояд. Дар баробари ин, кишварҳои камбизоат маҷбуранд, ки масалан нисбат ба ИМА, бо фоизи 2-4 маротиба зиёдтар қарз гиранд.
Соли 2023 кишварҳои рӯ ба рушд ба қарздиҳандагони хориҷӣ 487 миллиард доллар пардохт карданд, ки ин нисбат ба қарзи гирифтаашон 25 миллиард доллар зиёд аст.
Дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, тибқи оморҳои охири ЮНКТАД, ҳаҷми қарзи давлатӣ давоми солҳои 2010-2022 то 2,5 маротиба афзоиш ёфт, ин ҳам дар ҳоле ки иқтисодиёт дар маҷмуъ 1,4 маротиба боло рафт. Асосан қарз дар кишварҳои Қафқоз, давлатҳои содироткунандаи барқ ва дар Балканҳои Ғарбӣ афзоиш ёфт.
Дар бисёре аз давлатҳои минтақа қисмати зиёди қарзро қарзи беруна ташкил медиҳад, ки ин онҳоро ба тағйирёбии қурби асъор ва буҳронҳои ҷаҳонӣ осебпазиртар мегардонад. Ба ҳисоби миёна 70 фоизи қарзи давлатӣ дар минтақа — ин қарзи беруна аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






