Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва санитария як масъалаи мубрам барои миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин танҳо як нороҳатӣ нест — ин масъалаи ҳаёт ва мамот аст. Дар ин хусус муовини Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳуқуқи башар Нада Ал-Нашиф дар ҷаласаи Шурои ҳуқуқи башар ёдовар шуд.
«Аз об чизи муҳимтаре нест, аммо беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ ва 3,4 миллиард нафар ба шароити беҳдоштии муносиб дастрасӣ надоранд », — гуфт Нада Ал-Нашиф.
Тибқи иттилои ӯ, «ҳамасола ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятӣ, ки бар асари оби олуда ва набуди беҳдошт, аз қабили вабо, дарунравӣ ва домана мефавтанд. Гузашта аз ин, мизони фавт дар бархе аз кишварҳои сатҳи даромадашон паст назар ба давлатҳои пешрафта тақрибан 500 маротиба бештар аст».
Иброз гардид, ки беш аз ҳама дар таъмини об тағйирёбии иқлим таъсири харобкунанда дорад. Хушксолӣ тӯлонӣ мешавад ва тӯфонҳое, ки инфрасохтори обро хароб мекунанд, пурқувваттар мегарданд. Кишварҳои рӯ ба рушд дар тангнои қарз қарор доранд, аксар вақт воситаҳои сармоягузорӣ ба захираҳои об надоранд, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта пули об барои бисёре аз оилаҳо бори тоқатфарсо мегардад.
Ба гуфтаи намояндаи Созмони Милали Муттаҳид, ин чолишҳо махсусан барои гурӯҳҳои осебпазир мушкил мебошад. Одамони дорои маълулият аксар вақт ба ҳоҷатхонаҳои мутобиқшуда дастрасӣ надоранд. Занон ва духтарон ба зӯроварӣ ва хатарҳои саломатӣ дучор мешаванд, ки маҷбуранд барои дарёфти об ё ҷои хусусӣ масофаҳои дурро тай кунанд. Набудани шароити беҳдошт дар мактабҳо духтаронро маҷбур мекунад, ки дар давраи ҳайз аз дарсҳо канорагирӣ кунанд ва таҳсили онҳоро зери хатар мегузорад. Мардуми бумӣ ва сокинони маҳаллаҳои фақирнишини шаҳрҳо эҳтимоли бештар аз манобеи оби олудашуда истифода мекунанд ва бахусус ба офатҳои иқлимӣ осебпазиранд.
«Об неъмати ҷамъиятӣ аст, на мол,- изҳор дошт Ал-Нашиф ва афзуд, ки бидуни об ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, саломатӣ, ғизо, кор ва муҳити солим зери хатар аст».
Муовини Комиссари Олӣ даъват кард, ки конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як фурсат барои муттаҳидсозии иродаи сиёсӣ ва гузоштани ҳуқуқи инсон дар маркази идоракунии захираҳои об истифода шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






