Дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавии шаҳри Ҳисор риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариш мушоҳида мегардад

Июнь 4, 2025 18:50

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба шаҳри Ҳисор сафар карда, бо вазъи риояи қоидаҳои агротехникаи парвариши ниҳолу зироат шинос шуд. Хайати мазкур ба кишоварзон баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои муфид дод, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор Хоҷагии таҷрибавии «Сумбула» фаъолият мекунад. Хоҷагии мазкур ба парвариши ниҳолҳои нодир ва қаламчаи ток, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, машғул мебошад. Тибқи мушоҳидаҳо, баъзе аз ниҳолҳо хушк гардида, вазъи онҳо нигароникунанда мебошад.

Ҳамчунин зимни шиносоӣ ҳайати кории Вазорати кишоварзӣ муайян намуд, ки роҳбарияти хоҷагӣ нисбат ба парвариши ниҳолҳо фориғболӣ намуда, қисме аз онҳо хушк шудаанд. Дар ҳоле, ки хоҷагиҳои фаъолияташон таҳти назорати олимон қарор дошта, бояд намунаи ибрат бошанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор хоҷагии чорводории «Зироаткорӣ» ва хоҷагии таҷрибавии «Зарнисор» фаъолият мекунанд. Онҳо ба павариши зироати полезӣ ва боғи интенсивӣ машғул мебошанд. Аммо дар баъзе аз онҳо риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариши ниҳолу зироат мушоҳида мегардад.

Вобаста ба ҳолатҳои нигаронкунандаи корҳои кишоварзӣ аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагидорон тавсияҳо дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 4, 2025 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд