Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам овард, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор намояд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии халқи тоҷик пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст.
Иброз гардид, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурусти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин давлат ба назар мерасад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, «ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти мамлакатамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Мафҳуми Ваҳдати миллӣ барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф гардидааст. Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд.
АКС аз манбаъҳои боз








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






