Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июнь 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими мақоми ҳуқуқии мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Миёнаҷигарии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: беҳтарсозии дастрасӣ ба адолат, муҳити сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон» баргузор шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҳадафи асосии баргузории ин чорабиниро дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба миёнаҷигарии (медиатсияи) тиҷоратӣ, бартарии медиатсияи тиҷоратӣ ва вазъи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи Умед Бобозода, медиатсия ҳамчун як воситаи то судии ҳалли баҳсҳо, хусусан баҳсҳои тиҷоратӣ буда, дар тамоми ҷаҳон аллакай татбиқ мешаванд.

«Аҳамияти татбиқи медиатсия дар бахши корпоротивӣ бо самаранокии эҳтимолии он асос ёфтааст ва иловатан, ҳамчун воситаи махсус ба тарафҳо имкон медиҳад, ки муносибатҳои корӣ, обурӯ ва хараҷоти марбут ба мурофиавиро нигоҳ доранд. Дар айни ҳол дар як қатор низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи медиатсия то ҳол на он қадар рушд ёфтааст. Таҳлили қонунгузорӣ ва амалия нишон медиҳад, ки татбиқи падида ё ин ки институти медиатсия дар баҳсҳои корпоротивӣ бо як қатор мушкилот, аз ҷумла набудани қарори ниҳоӣ ва иҷрои бечунучарои қарорҳои дар доираи тартиби миёнаравӣ қабулшуда, инчунин сатҳи пасти эътмоди иштирокчиёни доираи хоҷагидорӣ ба ин механизми ҳалли баҳсҳо бевосита вобастагӣ дорад»,- афзуд Умед Бобозода.

Иброз гардид, ки ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қонунгузории танзими истифодаи механизми медиатсия дар як шакли қонуни алоҳида вуҷуд надошта бошад ҳам, лек таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи чунин механизм дар ҳалли баҳсҳо самаранок ва манфиатовар аст. Хусусан, дар фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол масъалаи бо роҳи медиатсия ҳал кардани баҳсҳо ҳанӯз зимни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз», ки соли 2022 қабул шуд. Тибқи ин қонун Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар таъмини баробарӣ ва манъи ҳамагуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад, ба вуҷуд омад. Яъне, мутобқи қонуни мазкур, ба гуфтаи Умед Бобозода, Ҳукумати мамлакат тартиби гузаронидани медиатсия, ё ин ки тариқи дигаре, ки дар қонун дарҷ гардидааст- миёнаҷигариро оид ба баҳсҳои табъизиро муайян намуда, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд, метавонад ҳамагуна баҳсҳои табъизиро бо роҳи медиатсия ҳал намояд.

«Дар таҷрибаи ҳамарӯзаи мо шуъбае, ки бевосита баъди қабули қонун ташкил шуд, яъне шуъбаи табъиз аллакай дар таҷриба якчанд баҳсҳои ба табъиз рабтдоштаро ҳал намуд. Инчунин бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи махсус таъсид дода шудааст, ки истифодаи ин механизми медиатсионӣ дар баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва баҳсҳои тиҷоративу копоротивӣ байни шарикон дар вақтҳои охир бараъло эҳсос карда мешавад»,-изҳор намуд Ваколатдор.

Бояд гуфт, ки медиатсия ё миёнаҷигарӣ равандест, ки дар он ҷонибҳои баҳс бо кумаки шахси бетараф (медиатор) кӯшиш мекунанд баҳси худро бо роҳи сулҳомез ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамдигар ҳал намоянд.

Намояндаи Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Зайниддин баён дошт, ки гузариш ба иқтисоди бозорӣ яке аз дастовардҳои муҳим дар шароити муосири ба ҳисоб меравад.

«Тибқи моддаи 12 Конститутсия «давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад» ва ин меъёр бениҳоят дар низоми асоси сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст»,- афзуд Соҳиб Зайниддин .

Тавре таъкид гардид, дар шароити имрӯза, ки низомҳои нав, технологияҳои муосир рушд меёбанд, падидаҳо ва институтҳои нав ба вуҷуд омада истодаанд, ки баъзе равандҳоро дар соҳаи иқтисодиёт сода, осон ва созгор мегардонанд. Яке аз ин ниҳодҳо падидаи медиатсия мебошад.

Дар ҷараёни конфронси ҷумҳуриявӣ коршиносон ва намояндагони сохторҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ оид ба таҷрибаи истифодаи ин раванд дар таҷрибаи худ маърӯза карданд. Дар идома иштирокчиён дар ин мавзуъ табодули афкор намуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд
Барои дар тобистон ба бемории дарунравӣ гирифтор нашудани кӯдакон чӣ бояд кард?
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад
Беш аз 190 ҳазор нафар наврасони вилояти Хатлон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд