Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад

Июнь 30, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 июли соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд  Конфронси  илмӣ — амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ» баргузор мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронс бо мақсади баланд бардоштани маърифати роҳнамоӣ ва таъмини бехатарии кӯдакон дар роҳ гузаронида мешавад. Дар конфронс намояндагони Вазорати корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

Ташаккули барвақтии дониш ва малакаҳои амалӣ дар бораи ҳаракати бехатар ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки онҳо дар муҳити шаҳр ва деҳа худро ҳифз намоянд ва масъулияти шахсиро омӯзанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини амнияти кӯдакон ҳангоми иштирок дар ҳаракати роҳ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои онҳо дар бораи қоидаҳои роҳ, дар боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ дарсҳои махсус гузаронида мешаванд.

Кӯдакон дар ҷараёни ин машғулиятҳо аломатҳои роҳро мешиносанд, истифодаи чароғакро меомӯзанд ва мефаҳманд, ки чӣ гуна бояд аз роҳ бехатар гузашт.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид