Дар Маҷлиси намояндагон фраксияҳои ҳизбӣ таъсис дода шуд

Июнь 4, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати ҳафтум баргузор гардид.  Дар ҷаласа масъалаи  таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ мавриди баррасии  вакилон  қарор  дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Масълаҳои таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагонро Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Шуҳрат Ғанизода муаррифӣ намуда, ин фраксияҳоро аз лиҳози қонунӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ асоснок хонд.

Шуҳрат Ғанизода таъкид намуд, ки «дар асоси моддаҳои 52 ва 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 105-119 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ,  ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

Дар иҷлосия аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қарорҳо оид ба таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба тасвиб расид.

Таъкид гардид, ки  амалӣ  гардидани институти фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба плюриализми сиёсӣ ва гуногунандешӣ шароит фароҳам оварда, нишонаи боэътимоди демократияи солим аст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид