Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба равандҳои татбиқи энергияи «сабз» ҳамоиш доир шуд

Июнь 11, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азиз Гиёзода  ҳамоиш дар мавзӯи «Равандҳои татбиқи энергияи «сабз» дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор» (дар самтҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи кории Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар доираи амалишавии Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 доир гардид.

Дар ҳамоиш  масъалаҳои  раванди татбиқи энергияи «сабз» дар самтҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт, ҳолат ва дурнамои истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои мавҷуда, баррасии унсурҳои ҳамкории вазорату идораҳо барои эҷоди заминаи устувор ҷиҳати татбиқи раванди энергияи «сабз» дар бахшҳои иқтисоди миллӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, неруи барқ дар мамлакат асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад. Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла муқовимат бо тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасии умум ба манбаҳои неруи арзон ва боэътимод «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2028»  амалӣ гардида истодааст. Вобаста ба ин, сохтмони бино ва иншооти аз лиҳози энергия самаранок ва дар умум бунёди шаҳрҳои «сабз» муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Июнь 11, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон