Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд

Июнь 25, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат доир гардид, иштирокдорон тамоми ободию пешрафии мамлакатро самари пойдории Ваҳдати миллӣ ва қаҳрамониҳои меъмори он – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси ноҳия Маҳмуд Амирзода иброз дошт, ки «таърихи на чандон дури кишвари мо гувоҳ аст, ки сулҳу ваҳдат дар сарзамини мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ваҳдати миллӣ қиматтарин неъмат аст, ки ба мардуми инсондӯсту сулҳпарвари тоҷик дар натиҷаи ҷонисориҳои бемисл ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст».

«Мо — тоҷикону тоҷикистониён, махсусан кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ муттаҳид шуда, бо хизмати софдилонаю содиқона ва дасту дили пок ваҳдати миллиро таҳким бахшида, дар ободии Ватан саҳми назаррас гузорем»,- афзуд Раиси ноҳия.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳазорҳо шукр бояд кард, ки мо дар Ватани ободу зебо ва орому осуда умр ба сар мебарем. Тавре мушоҳида мешавад, рӯзҳои охир дар қитъаҳои гуногуни олам муноқишаҳо торафт шиддат мегиранд. Садҳо одамон ба ҳалокат мерасанд, шаҳрҳои обод хароб мегарданд. Оқибати ҳама гуна ҷанг ҷуз харобию ҳисорот ва талафоти ҷонӣ чизи дигаре ба бор намеорад.

«Моро зарур аст, ки ин неъмати бузург – кафолати зиндагии шоиста ва пурсаодатро бояд пойдор нигоҳ бидорем. Ин танҳо дар мавриде ба мо даст медиҳад, ки аз як гиребон сар барорем ва дар атрофи Роҳбари давлати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем»,- таъкид намуданд онҳо.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Июнь 25, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад