Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид

Июнь 26, 2025 18:10

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода зимни баргузории  ҳамоиши идона бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  иброз намуд.

Ба гуфтаи Нигина Ализода, ваҳдати миллӣ сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо  гардид.

«Барои таҳким бахшидан ба ин сулҳу субот моро зарур аст, то ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, риоя намудани Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, ҳифзи дастовардҳои сулҳу ваҳдат, эҳтироми Ватан, ҳимоя ва таҳкими иқтидори амниятӣ ва мудофиавии он, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифзи амнияти давлат, тамомияти арзии он ҳамеша саҳмгузор бошем», — афзуд Нигина Ализода.

Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзӯи «Заковати ваҳдатофарии Пешвои миллат ҳамчун омили стратегӣ дар эҳёи давлатдории миллӣ»  маъруза  намуда, баён кард, ки сарнавишти таърихии ҳар як миллат бо рӯйдодҳо ва шахсиятҳои тақдирсоз тавъам аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ва печидаи замон нақши таърихӣ мебозанд.

Исфандиёр Собирзода  иброз дошт, ки бо заковати сиёсӣ, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавонистанд роҳи сулҳ, субот ва ваҳдати миллиро дар марҳалаи душвортарини таърихи кишвар  дарёфт намоянд.

«Ваҳдати миллӣ на танҳо як ормони идеологӣ, балки пояи асосии давлатдории миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад, ки дар таҳкими он нақши Пешвои миллат чун меъмори ваҳдат калидӣ ва тақдирсоз аст», — афзуд ӯ.

Таъкид гардид, ки зарур аст, то таҷрибаи ваҳдатофарӣ ва сиёсати сулҳомез ҳамчун як қисми муҳими мероси сиёсӣ ва фарҳангии миллӣ ҳифз ва таблиғ шавад. Омӯзиши амиқи таҷрибаи Пешвои миллат, ворид намудани он ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, инчунин истифода аз он дар низоми таҳия ва амалисозии сиёсати давлатӣ бояд ҳамчун вазифаи стратегӣ амалӣ гардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2025 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст