Фестивали ҷумҳуриявии афсарону сарбозон «Муҳофизони Ватан» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Охирҳои моҳи июн дар мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии афсарону сарбозон таҳти унвони «Муҳофизони Ватан» баргузор мешавад. Фестивал бо мақсади иҷрои банди 19-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазорати мудофиаи мамлакат дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Гвардияи миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд баргузор шудани фестивали мазкур муваззаф гардидаанд.
Фестивали ҷумҳуриявии афсарону сарбозон «Муҳофизони Ватан» — яке аз тадбирҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани шароити хизмат ва зисти хизматчиёни ҳарбӣ, ба ватандӯстӣ, содиқона хизмат кардан ба халқу миллат ва саҳм гузоштан дар рушди мамлакат даъват намудани онҳо баргузор карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






