Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд

Июнь 2, 2025 15:15

РАШТ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Рашт тасмим гирифтаанд, ки соли равон истеҳсоли пилларо ба 16 тоннаю 500 килограм расонанд. Онҳо то имрӯз қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмакро риоя намуда, ҳафтаҳои оянда ба истеҳсоли пилла шуруъ мекунанд. Дар ин хусус намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт Сайаттор Халилов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси Барномаи рушди соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он, дар ноҳияи Рашт 550 қуттии кирми кирмак ба 590 хоҷагиҳои кирмакпарварии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тақсим карда шуд. Дар ноҳия парваришу нигоҳубини кирм хуб ба роҳ монда шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои хӯроки кирмак барги тут кифоя мебошад.

Соли гузашта дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Тагоба ва Оби Меҳнат пешқадам буданд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт аз кирмакпарварон як килограм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо ба маблағи 18 сомонӣ харидорӣ намуд. Имсол бошад, як килограм пиллаи омехтаро бо маблағи 20 сомонӣ харидорӣ менамояд.

Дар доираи рушди пиллапарварӣ дар ноҳияи Рашт соли гузашта дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 13 ҳазору 600 бех ниҳоли тут шинонда шуд, ки имрӯзҳо сабзиши хуб доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 2, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст