Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад

Июнь 2, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта  шуда, ҳаво то 30-32  дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  борида,  эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 2, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд