Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд

Июнь 25, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати экспедитсияи байналмилалии сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Дар рӯзи нуздаҳуми сафар иштирокчиёни экспедитсия дар шаҳри Байконур бо пойгоҳи кайҳонавардии байналмилалӣ Байконур шинос гардиданд. Дар ин хусус намояндаи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Муҳаммадҷони Файзимад, ки дар ин экспедитсия иштирок дорад, ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Шаҳри Байконур дар вилояти Қизилордаи Қазоқистон ҷойгир буда, бо пойгоҳи кайҳоннавардияш, ки аз соли 1955 инҷониб фаъолият мекунад, шуҳрати байналмилалӣ дорад. Ин пойгоҳ дар таърихи кайҳоннавардии ҷаҳон нақши калидӣ дорад. Аз ҷумла, парвози нахустин инсон — Юрий Гагарин ба кайҳон 12 апрели соли 1961 маҳз аз ҳамин пойгоҳ анҷом ёфта буд. Инчунин, парвози нахустин зани кайҳоннавард — Валентина Терешкова дар соли 1963 низ ба ҳамин пойгоҳ пайвандӣ дорад.

«Мо иштирокчиён аз дидани ин макони таърихӣ хеле хушҳол гардидем. Маълумоти зиёд низ пайдо кардем. Ин ҷо дар баробари мавзеъи таърихӣ будан, инчунин манзараи хеле аҷиб дорад. Аксари иштирокчиёни экспедитсия ин пойгоҳоро бори аввал диданд. Ин маконест, ки ба инсоният роҳи кайҳони пурасрорро кушод ва имрӯз низ фаъолияти густурда дорад. Аз ин ҷо ҳоло ҳам парвозҳои кайҳонӣ анҷом дода мешаванд. Метавон гуфт, ки ин шаҳр на танҳо як нуқтаи оғоз ба кайҳон аст, балки як дили зиндаи таърих аст»,-мегӯяд намояндаи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Муҳаммадҷони Файзимад.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, иштирокчиёни экспедитсия инчунин бо фаъолияти Маркази идоракунии «Энергия», ки 15 майи соли 1987 парвози таърихӣ анҷом дода буд, шинос шуданд. Ин марказ яке аз муҳимтарин иншооти техникии пойгоҳи кайҳоннавардӣ буда, барои идораи парвозҳои кайҳонӣ истифода мешавад.

«Ҳамчунин дар ин шаҳр киштии кайҳонии «Буран»-ро, ки дар солҳои 1980 бо ҷалби беҳтарин олимони соҳа сохта шуда буд, дидем. Роҳбалад ба мо иттилоъ дод, ки ин киштӣ, гарчанде танҳо як парвози озмоишӣ анҷом дода бошад, ҳам яке аз рамзҳои пешрафти технологии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб мешавад», — гуфт Муҳаммадҷони Файзимад.

Инчунин иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалии сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» осорхонаи сармуҳандиси барномаи кайҳонии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Сергей Павлович Королёв, нахустин кайҳоннаварди ҷаҳон Юрий Гагарин ва пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд.

Ба гуфтаи иштирокчиён, ин осорхонаҳо таърихи пуршиддати пойгоҳи кайҳоннавардиро аз оғози фаъолият то имрӯз намоиш медиҳад.

Тавре гуфтем яке аз ҳадафҳои дигари экспедитсия ин расонидани паёми дӯстӣ ва бародаршаҳрӣ мебошад. Экспедитсия аз шаҳри Арзамаси Федератсияи Русия ба шаҳри Байконур паёми дӯстӣ ва бародаршаҳрӣ расонид. Ин паём, ки рамзи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни ду шаҳр аст, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сайёҳӣ ва омӯзишҳои фарҳангию таърихӣ, замина фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» бо ҳадафи муаррифии мероси фарҳангӣ, қавӣ сохтани риштаҳои дӯстӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум наздик ба 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иштирокчиёни экспедитсия дар давоми 51 рӯз бо тай кардани 8000 километр аз ҳудуди 5 давлат ва беш аз 30 шаҳр гузашта, 12 июл аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва 19 июл аз ҷониби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Корвони Помир» вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.

Дар ҷамъбасти экспедитсия, ки 22 июл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 25, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст