ҒИЗОИ СОЛИМ. Ҷаҳон Азонов: «Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад»

Июнь 10, 2025 08:24

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: «Ҳангоми истеъмоли ғизо бояд аз се як ҳисаи меъда холӣ монад». Яъне дар меъдаи мо миқдори муайяни килотаҳо, пепсин, шираи меъда ва дигар унсурҳо ҳосил мешавад. Агар мо то гарданаки меъда ғизо истеъмол намоем, тамоми ин унсурҳо пахш шуда, ҳазм намудани ғизо мушкил мешавад. Ҳатто ҳосилшавии онҳо мушкил мегардад. Агар як ҳисаи меъдаамон холӣ бошад, онҳо ба миқдори лозима ҳосил мешаванд ва ҳазми ғизоро ба таври мукамал ба охир мерасонанд. Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, инчунин давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Ин матлабро ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов иброз намуд.Чанд тавсияи дигари доктори илмҳои тиб дар зер пешниҳод мегардад.

— Дар натиҷаи аз меъёр зиёд истеъмол кардани ғизо, кори меъда вайрон гашта, инсон ба бемории бадҳазмӣ дучор мешавад. Дар натиҷа чунин одамон мубталои бемории дарунравӣ ё қайкунӣ (дилбеҳузурӣ) мегарданд. Инчунин аз меъёр зиёд хӯрдан бисёр вақт сабаби бемории фарбеҳӣ мешавад. Фарбеҳӣ инсонро ба бемориҳои дил, фишори хун, санги гурда, диабети қанд ва камҳаракатӣ мубтало месозад.

Дар баробари ғизо ва фоидабахши он, барои саломатии инсон истеъмоли дуруст низ нақши калидӣ дорад. Яке аз олимони олмонӣ гуфта буд, ки «Вақте ки ман ғизо истеъмол мекунам, онро чунон бо дандонҳоям мехоям ё соиш медиҳам, ки ҳангоми фӯру бурдан хаёл мекунам, ки дар зери мусиқӣ фӯру мебарам». Инсон дар вақти истеъмоли хӯрок саросема набояд бошад. Хӯрок бояд оҳиста, бо дандонҳо хуб соиш дода, сипас фӯру бурда шавад.

Омили бештари бемориҳо ин аз пурхӯрӣ аст. Беҳуда намегӯянд, ки «пурхӯрӣ душмани инсон аст». Тамоми инсонҳое, ки ба пурхӯрӣ одат кардан ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард, тангшавии рагҳои хунгард, бемори диабети қанд, фарбеҳӣ ва як зумра бемориҳои дигари метаболикӣ гирифтор мешаванд. Инчунин бемориҳои сутунмуҳра низ омилаш ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне ҳар қадар, ки инсон пурхӯрӣ мекунад, вазни он бештар мешавад. Ин вазнинӣ дар сутунмуҳра таъсир мерасонад. Яъне ба ҷафсшавии сутанмуҳраҳо оварда мерасонад, ки он дар оянда ба бемории остеохондроз гирифтор мешавад. Ҳамчунин истеъмол зиёди хӯрокҳои сернамак дар организм мубодилаи модаҳоро вайрон намуда, тагшоншавии намак дар тахтапӯшт мешавад.

Ба тавсияи доктори илҳои тиб, беҳтар он аст, ки хӯроки равғанину гӯштӣ бо сабзавот истеъмол карда шавад. Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол мекунед, чой нанӯшед. Бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан лозим нест, балки 40 дақиқа бояд сабр намуд. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани қоидаи мазкур ҳам хушқаду қомат мемонед, ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад.

Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лиму ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол бояд овард. Ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта кард.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 10, 2025 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЯХМОС. Чаро ин ширинии яхбастаро аз ҳама зиёд кӯдакон дӯст медоранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани олуча хобро ба танзим дароварда, организмро барқарор мекунад
ДАР ҲАР ЯК ОҲАНГ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ ТОҶИКОН БА ВАТАН ЭҲСОС МЕШУД. Бардошт аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия
Дар Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодинҷон барои беҳтар шудани кори дил ва узвҳои ҳозима мусоидат мекунад
САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Норасоии намӣ ба решаи дарахтон самаранокии боғотро паст мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулот дар Тоҷикистон 14 озмоишгоҳ фаъолият дорад
Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН. Сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён ва кӯлҳои мусаффои он назаррабо мебошанд
Ба пешвози 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангию маърифатӣ доир мешаванд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст