Кӯдаконро аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зараровар ҳифз бояд намуд

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир бо рушди босуръати ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавони ҷумҳурӣ ба имконияти шабакаи Интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ афзуда, он ҳамчун раванди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Пӯшида нест, ки дар баробари манфиатнокии маълумоти ҷойдошта ва истифодаи онҳо дар ин шабакаҳо маълумоти гуногуни барои вазъи руҳию ахлоқии кӯдакону наврасон зараровар, аз ҷумла тарғибкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, равияҳои тундрав ва идеологияи бегонапарастӣ паҳн мегарданд.
Кӯдакону наврасон ба таври беихтиёр бо чунин маълумот шинос шуда, дар аксари маврид бо назардошти ҳолати синнусолии худ, ноогоҳӣ ва ё сатҳи пасти донишҳои зарурӣ зарари онро баҳогузорӣ карда наметавонанд ва ин ҷараён метавонад боиси дар мафкураи онҳо ташаккул ёфтани андешаҳои ифротӣ, бегонапарастӣ ва ё канораҷӯӣ аз тарзи ҳаёти солим гардад.
Бо назардошти муҳимияти ин масъала ва мубрамияти он дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ таҳлили танзими ҳуқуқии он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо мақсади иҷрои ухдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он барои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи ӯ зараровар илова ворид гардад.
Тибқи иловаи воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки аз 18 марти соли 2015 мавриди амал қарор дорад, дар моддаи 5, ки салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро муайян менамояд, салоҳияти тасдиқи қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар ҳамчун сархати сеюми ин модда илова карда шудааст. Дар асоси ин илова қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар бо муайян намудани тамоми ҷанбаҳои муҳими ҳифзи кӯдакон аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тадбирҳои босифат ва саривақтӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон бинобар таваҷҷуҳи махсуси Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии кӯдак ва рушди кӯдак, таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан насли наврас, ки яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеаи солим мебошад, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, ба моддаи 29 иловаи 1 бо номи ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар ворид карда шуд. Тибқи муқаррароти меъёри ҳуқуқии ин модда, ҳифзи кӯдак аз иттилооте, ки ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар мерасонанд, аз ҷумла маълумоти зараровари дар маҳсулоти иттилоотӣ мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар иловаи ин модда мафҳуми иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар муайян карда шудааст. Яъне ба иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар маҳсулоти иттилоотие дохил мешаванд, ки паҳн намудани онҳо дар байни кӯдакони синну соли муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошад.
Ворид гардидани ин илова танзими ҳуқуқии ҳифзи кӯдакон аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи кӯдакон зарароварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мустаҳкам менамояд.
Таҳлили вазъи ҷомеаи муосир нишон медиҳад, ки дар баробари рушди технологияҳои иттилоотӣ шавқи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ва шумораи истифодабарандагони он, махсусан аз ҳисоби насли наврас тамоюли афзоишро касб намудааст.
Дастрасӣ доштани насли наврас ба иттилооти гуногуни ба саломатӣ ва ҳолати руҳию равонии онҳо зараровар дар шабакаи Интернет метавонад боиси оқибатҳои нохуш ва ҳатто дар оянда даст задани онҳо ба амалҳои мудҳиши ҷинояткорона гардад. Бо назардошти ҳодисаҳои охир, фаъолнокии гурӯҳҳои зиддиҳуқуқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баҳогузории хатарҳои эҳтимолӣ сари вақт ворид гардидани ин илова ба манфиат мебошад, ки тибқи тартиби муайянгардидаи қонунгузорӣ ин масъала дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷонибдории вакилон қарори дахлдор қабул карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар айни замон дар таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ як ҷараёни банизомдарории истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман истифодаи Интернет аз ҷониби кӯдакону наврасон идома ва то ҷое мубрам мегардад.
Масалан, 25 марти соли 2024 губернатори иёлати Флоридаи ИМА қонунеро ба имзо расонид, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби кӯдакони то 14-сола манъ намуда, барои истифодаи чунин шабакаҳо аз тарафи кӯдакони 14-15-сола розигии волидайн талаб карда мешавад. Мақсади қонун ҳифзи кӯдакон аз оқибатҳои нохуши истифодаи Интернет ва таъмини сиҳатии руҳии онҳо баҳогузорӣ карда шудааст. Қаблан чунин санадҳои қонунгузорӣ дар иёлати Ютаи ин давлат низ қабул гардиданд.
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳлати истифодаи шабакаи иҷтимоии Douyin (Доу-ин)-ро, ки ҳамшабеҳи TikTok мебошад, аз ҷониби кӯдакону наврасон то 40 дақиқа дар як шабонарӯз маҳдуд ва истифодаи онро барои кӯдакони то 14-сола аз соати 22:00 то 09:00 умуман манъ кардаанд.
Шуруъ аз соли 2016 дар синфҳои 4-6 мактабҳои миёнаи давлати Исроил машғулияти махсуси «Код ва робототехника» амалӣ намуданд, ки дар он аз ҷумла асосҳои рафтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва эътинои дуруст ба шарҳҳои чунин шабакаҳо омӯзонида мешаванд.
Ҷумҳурии Олмон низ соли 2021 Қонун дар бораи ҳифзи кӯдакон дар Интернетро қабул намуда, ба ин васила тадбирҳои истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби кӯдакон ба танзим даровард. Танҳо дар давлати Англия давоми 6 соли охир 34 ҳазор ҷиноятҳои маҷозӣ бар зидди ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд ва мутахассисони ин мамлакат бар он назаранд, ки пурра манъ намудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони то 16-сола имкони паст намудани ин шиддатро дорад. Дар Франсия низ бо ин мақсад Қонун дар бораи ҳифзи кӯдакон дар Интернет қабул гардид.
Созмони Милати Муттаҳид низ дар яке аз гузоришҳои худ иброз намуда буд, ки истифодабарандагони навраси шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин хатарҳо, ба монанди иттилои бардурӯғ, қаллобӣ, ангезиши бадбинӣ, иттилооти ба ҷинояткорӣ, аз ҷумла иштирок дар гурӯҳҳои экстремистӣ ва ё худкушӣ даъваткунанда рӯбарӯ мешаванд. Аз се як ҳиссаи кӯдакони зиёда аз 30 давлати дунё изҳор доштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ҳадафи таҳқирҳои маҷозӣ қарор гирифтаанд.
Дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ корбарӣ дар атрофи маҳдудияти синнусолии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ идома дошта, давлатҳо эътироф менамоянд, ки худтанзимӣ дар ин мавзуъ самара надода, зарурати татбиқи чораҳои қонунӣ ба миён омадааст ва эҳтимоли қабули санадҳои дахлдор дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷой дорад. Омӯзиши таҷрибаи Федератсияи Русия нишон медиҳад, ки назорати ҳуқуқии иттилооти зараровар дар шабакаи Интернет то ҳадде ба танзим дароварда шуда, баъзан масъалаҳои мавзуъ дар доираи Қонуни федералӣ «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилооти барои саломатӣ ва рушди онҳо зараровар», инчунин дигар санадҳои қонунгузорӣ танзим гардидааст. Новобаста аз ин яке аз таҳқиқоти Думаи давлатии Федератсияи Русия низ нишон додааст, ки 72 фоиз аз шумораи 26,6 ҳазор кӯдаки аз 6 то 18-солаи мавриди пурсиш қароргирифта дар шабакаи Интернет бо маводи ғайриахлоқӣ бархӯрд доштаанд. Зимнан, 15 фоизи кӯдакон иқрор шуданд, ки дар чунин шабакаҳо саҳнаҳои хушунат ва даҳшатафканиро дида, 7 фоизи онҳо барои қабул шудан дар сафи гурӯҳҳои номатлуб даъват шудаанд. Баъд аз нашри натиҷаи ин таҳқиқот моҳи июни соли 2023 ҳатто вазири маорифи Русия пешниҳод намуд, ки истифодаи интернетро барои шаҳрвандони то 15- сола умуман манъ намоянд.
Ин таҳлилҳо бори дигар собит менамоянд, ки дар вазъияти ташаннуҷи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргуншавии муносибатҳо ва афзалият, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи саломатии насли ояндасози мамлакат, инкишофи озодона ва фароҳам овардани шароити худташаккулёбии онҳо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ташаббуси саривақтӣ ва тақозои замон мебошад. Дар робита ба иловаи воридгардида зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба масъалаҳои амалӣ намудани маҳдудияти синну солии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, манъи пурраи пайвастшавӣ ба чунин шабакаҳо аз ҷониби шаҳрвандони то 14-сола ва барои шаҳрвандони 14-17-сола бо розигии хаттии волидайн ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муайян гардидани онҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кӯдаконро аз иттилооти барои саломатӣ ва рушди онҳо зараровар ҳифз менамоянд.
Дилноза АҲМАДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
АКС аз манбаъҳои боз