Кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо фаъолони ҷомеа вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо фаъолони ҷомеа, эмомхатибон, кормандони соҳаи маориф, ҷавонон ва раисони маҳаллаҳои ноҳия вохӯрӣ бургузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи асосии мулоқот таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа арзёбӣ гардида, иштирокдорон ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ намуданд.
Дар ҷамъомад сардори шуъбаи 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Фирдавс Шарофзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, риояи одоби шаҳрдорӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии хурофотпарастӣ ва машғул шудан ба фолбинию ҷодугарӣ ибрози андеша намуд.
Фирдавс Шарофзода аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли 2024 баргузор шуд, иқтибос овард: «вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол мекунад, яъне дар зиндагӣ доимо азият мекашанд. Вазифаи мову шумо он аст, ки онҳоро тарбия кунем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, илм омӯзонем, ки баъди сари мову шумо онҳо зиндагии мустақилонаи худашонро пеш бурда тавонанд».
Таъкид гардид, ки дар бунёд ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб аз ваколатҳои фаъолони ҷомеа, пирони рӯзгордида ва нафаронони обрӯманди маҳал ҳамчун намояндагони пешсафи ҷомеа бояд истифода бурд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҳолатҳои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва хурофотпарастиву бегонапарастӣ ибрози андеша карда шуд. Ҳамагон даъват шуданд, ки дар пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳм гузоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






