Кумитаи кор бо занон ва оила таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсия доир менамояд
ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат –мароми модарон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар конференсия намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аҳли илму фарҳанг, донишмандон ва коршиносон иштирок карда, дар мавзуи нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, саҳми назарраси онҳо дар рушди мамлакат маъруза менамоянд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июни соли 2024 иброз доштанд: «ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст».
«Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад», — хотиррасон намуданд Пешвои миллат.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






