МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
ДУШАНБЕ, 28.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, ҳангоми дуруст истеъмол кардани қаламфури булғорӣ иммунитет мустаҳкам гардида, он ба системаи асаб ва ҳозима таъсири мусбӣ мерасонад. Қаламфури булғорӣ як манбаи бузурги витаминҳои А ва С, инчунин антиоксидантҳо мебошад. Онро дар ошхонаҳои миллатҳои гуногуни ҷаҳон барои илова кардани мазза ба хӯрокҳо истифода мебаранд.
Ҳангоми коркарди қаламфури булғорӣ зиёда аз 75 фоизи хосиятҳои фоиданокии он нобуд мегардад. Аз ин рӯ, онҳо дар шакли тару тоза ва дар хӯришҳо бештар истеъмол намудан тавсия дода мешавад.
Зиёда аз 90 фоизи қаламфури булғорӣ аз об иборат буда, он рангҳои гуногун, аз ҷумла сурх, сабз ва зард дорад. Дар таркиби ин сабзавот равғанҳо ва сафедаҳо хеле каманд. Инчунин дар таркиби қаламфури булғорӣ ба ғайр аз витаминҳои А ва С, ки барои организми инсон заруранд, витаминҳои В6 ва В9, витамини Е мавҷуд аст, ки системаи асабро ором нигоҳ медорад.
Ба тавсия табибон, Қаланфури булғорӣ дар таркиби худ витамину антиоксидантҳо дорад. Дар таркиби булғорӣ витамини C — тақрибан 2 маротиба бештар аз афлесун мебошад. Инчунин витамини А, ки дар таркиби ин сабзавот мавҷуд аст, барои чашм ва пӯст хело зарур мебошад. Ҳамчунин антиоксидантҳои таркиби қаламфури булғорӣ зидди пиршавӣ ва бемориҳои дил мебошанд.
Ба гуфти ғизошиносон, дар таркиби ин сабзавот калий мавҷуд аст, ки барои дил ва рагҳо муфид буда, фишори хунро танзим мекунанд. Истеъмоли он ҳангоми тару тоза вазни инсонро нигоҳ медорад.
Нафароне, ки аз бемории ҳасосият (аллергия) ранҷ мебаранд, метавонад, ин маҳсулотро кам истеъмол намоянд. Ба нафароне, ки газаки меъда ё мушкилии рӯда доранд, тавсия дода мешавад, ки онро бештар пухта истеъмол намоянд.
Тибқи таҳлили ғизошиносон, қаламфури сурх ҳуҷайраҳои баданро аз нобудшавӣ муҳофизат мекунад. Он дорои миқдори зиёди ликопен мебошад, ки хатари бемориҳои дилу рагро коҳиш медиҳад. Новобаста аз ранг қаланфури булғорӣ дорои витамини С аст, ки он бештар аз меваҳои ситрусӣ мебошад. Ин ба нигоҳ доштани хотира ва зеҳн кӯмак мекунад ва рӯҳафтодагиро аз байн мебарад.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






