МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад

Июнь 29, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон ва гармшавии ҳаво талабот ба нӯшокиҳои ташнагишикан  меафзояд. Аз кадом нӯшокиҳо истифода барем, ки ҳам ташнагиро шиканад ва ҳам ба саломатиамон зарар нарасонад?  Мутахассисон дар ин маврид нӯшидани  дӯғобро, ки дар байни мардум бо номи  «чолоб» маъмул аст, бештар тавсия  медиҳанд.

Дӯғоб  нӯшокии миллӣ буда,  аз чакка ва дигар сабзавоту гиёҳҳои шифобахш  омода карда мешавад. Нӯшидани дӯғоб дар фасли гармо неруро дар бадан барқарор мекунад. Инчунин нафароне, ки дар ин фасл майли истеъмоли таом надорад, хело муфид аст, зеро он иштиҳоовар буда, меъдаро нарм ва раванди ҳазмро осон намуда, кори рӯдаро беҳтар мекунанд.

Дуғоб аз чакка, об, намак, бодиринг, помидор, қаламфур, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳо омода мешавад. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию дар шакли дарозрӯя майда  реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта,   бо иловаи  об онро лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро  ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи  хоҳиш  бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушккардашураро ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд. Дӯғобро ҳамеша дар яхдон нигоҳ медоранд ва ҳолати сардшуда менӯшанд.

Дӯғоб барои рӯдаҳо хеле муфид аст. Он  дар ҳоли қабзият ё мушкилиҳои меъда метавонад кумак кунад. Дар таркиби он витаминҳои B ва C низ мавҷуд аст, ки барои масуният муҳиманд.

Ба тавсияи ғизошиносон,  дӯғобро барои он дар фасли тобистон нӯшиданаш маъмул ва фоидаовар аст, ки дар рӯзҳои гармӣ ё баъди машқҳои ҷисмонӣ дӯғоб оби бадан ва неруро барқарор мекунад. Намак ва моеъи он аз беҳтарин тарзҳои барқарорсозии нерӯ дар гармо аст.

Табибони бемориҳои дил тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки дар рӯзҳои ҳарорати баланди тобистон фишорашон баланд мешаванд, дӯғоб истеъмол намоянд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестерин кумак мекунад. Инчунин дар баъзе тадқиқотҳо дӯғоб барои коҳиши хатари бемориҳои дил низ муфид мебошад. Ин нӯшоба дар таркиби худ маводҳо калорияи кам дорад, вале серкунанда аст — барои касоне ки парҳез мекунанд, муфид аст.

Яке аз хусусияти хоси дӯғоб дар фасли тобистон ин ҳарарорати баданро дар рӯзҳои гармо паст мекунад. Нафароне, ки аз таъсири офтоб ба бемори гармозадагӣ гирифтор мешаванд, нӯшидани дуғоб тавсия дода мешавад. Инчунин нафароне, ки аз таъсири ҳарорати баланди ҳаво сарчарзанӣ ва беҳолӣ дар худ мушоҳида намояд, бояд дӯғоб нӯшанд. Зеро он бо намак ва оби худ метавонад ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид