Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси 10-уми минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон конфронси 10-уми минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ, ки 4 июни соли 2025 оғоз гардида буд, анҷом меёбад.
Дар конфронс намояндагони зиёда аз 40 давлати дунё иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини якуми Прокурори генералӣ Умед Каримзода намояндагӣ дорад.
Дар конфронс масъалаҳои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо ба муқобили инсон, ҷиноятҳои хариду фурӯши маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки конфронс ба 30-солагии ташкил ёфтани Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ рост омад.
Дар ҳошияи конфронс мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо Прокурори генералии Муғулистон баргузор гардида, зимни он масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон









80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






