Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Брюссел муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ,16.06.2025./АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) дар ҳамоише, ки дар Брюселл таҳти унвони «Чолишҳои марбут ба захираҳои об ва ривоятҳои муҳитизистӣ барои ояндаи устувор ва ба иқлим тобовар», баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси гӯруҳи байнипарлумонӣ, узви Сенати Подшоҳии Белгия Крис Фердуюкт, директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Юнон оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Мария Диамантопоулу ва дигарон сухан намуданд.
Баҳодур Шерализода моҳияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи обу иқлим ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо – 2025 -ро муаррифӣ намуда, оғози «Раванди нав оид ба ҳифзи пиряхҳо» ва пешбурди ин рӯзномаро махсусан тавзеҳ дод.
Иштирокдорони ҳамоиш аз нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавзуи об ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, оид ба таҷриба ва бархурди кишвару ниҳодҳои худ бо чолишҳои муҳитизистӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим, коҳиши офатҳои табиӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Конфронси байналмилалии сатҳи бланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо буд. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






