ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. 8 июни ҳамон сол Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонун имзо гузоштанд, ки соли равон аз қабули он 18 сол пур гардид. Ҳамзамон 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он моддаҳои 428, 448, 568, қисми 1, моддаи 285, 580, 392 аз эътибор соқит дониста шуданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо мамлакати мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаи воқеан ҳам, беназир мебошад. Ин амал аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунад, дарак медиҳад.
Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят муҳимеро анҷом дод.
Ба андешаи муовини Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода, таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи ибрат гардид. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.
Дар ҷумҳурӣ 5643 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросим фаъолият менамоянд
Ҷашну маросим рукни муҳимми фарҳанги миллӣ буда, дар ҳар ҷомеаи озод ва демократӣ ҳифзу рушдро мутобиқ ба манфиатҳои халқ ва давлат тақозо менамояд. Ҷаҳонишавӣ боиси омехташавии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашну маросими миллии халқҳо гардидааст ва дар ин масир халқҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки ҷашну маросими миллии хешро дар шакли аслӣ ҳифз намоянд.
Фаррухулло Олимзода афзуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти сарварии роҳбари оқилу дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросими аслии миллии худро ҳифз намуда, тақвият бахшида, бо асосҳои ҳуқуқию маъмурӣ мустаҳкам гардонидааст.
«Танзими анъана ва ҷашну маросим барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Ба танзим даровардани ҷашну маросим омили муҳимми амалӣ гардидани шарт ва унсурҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон дониста мешавад»,-мегӯяд ӯ.
Дар радифи таъмини иҷрои талаботи моддаи 7-и қонуни мазкур, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 501 комиссияҳои доимӣ амал менамояд. Ҳамзамон дар иртибот ба талаботи моддаи 8-и қонун тибқи маълумоти шуъба ва бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 5643 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросим фаъолият менамоянд.
Вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни танзим 263 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон 18766 тӯйи домодию арӯсӣ гузаронида шуда, 467 маросим ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Фаррухулло Олимзода, дар соли 2025 теъдоди маъракаҳо нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонунвайронку бошад афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 3274 адад кам, маросими чил 320 адад кам ва маросими сол 264 адад кам ба қайд гирифта шудааст.
«Яке аз омилҳои зиёд шудани миқдори қонунвайронкуниҳо баъд аз таҳрири нав қабул шудани қонун мебошад. Зеро қаблан ҷаримабандиҳо ба категорияҳо тақсим намешуданд, дар таҳрири нави қонун он ба категорияҳои муайян тақсим гардид. Тибқи таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ваколати комиссияҳои доимии мақоми ваколатдор, аз ҷумла комиссияи ҷамъиятӣ зиёд шуд. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва ходимони дин масъулият зиёд гардид. Аз ин рӯ, дар самти назорати риояи қонун дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан комиссияҳои доимӣ назорат пурзӯр карда шуд»,- тазаккур дод муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар семоҳаи якуми соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 263 ҳолати қонунвайронкунӣ (ҳамин давраи соли 2024 — 257 ҳолат) ошкор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳолат зиёд мебошад.
Дар давраи амали Қонуни танзим беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
Бояд гуфт, ки гарчанде баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамчунин, таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа маълум менамоянд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Лек ин нафарон бехабар аз онанд, ки риояи ин қонун сатҳи зиндагии рӯзмарраи мардумро боло бурда, харҷӣ барзиёдатиро аз байн мебарад.
Тавре ҳамсуҳбати мо иттилоъ дод, бино ба маълумоти моҳи июни соли 2007 ва то моҳи марти соли 2025, дар давраи пеш аз қабули Қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 231482 нафар шахси фавтида беш аз 12 миллиарду 037 млн. 064 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 1000 сомонӣ) зарур меомад. То давраи қабули Қонун барои баргузории 2 миллиону 355 ҳазору 926 маърака, ба ҳисоби камтарин 20 миллиарду 614 миллиону 352 ҳазору 500 сомонӣ зарур меомад.
Ҳоло шаҳрвандон дар давраи амали Қонун бо баргузории маъракаҳои тўйҳои домодию арӯсӣ маҳдуд гардида, маблағи беш аз 12 миллиарду 092 миллиону 178 ҳазору 451 сомонӣ ба манфиати буҷаи оилавии онҳо нигоҳ дошта шудааст. Агар ба ин маблағҳои сарфагардида ба ҳисоби миёна ҷашни зодрӯзро бо камтарин хароҷот илова намоем, тақрибан барои 5 миллион нафар аҳолӣ солона тахминан 1000 сомонӣ сарф мегардид, ки дар маҷмуъ 5 миллиард сомониро ташкил медод. Агар маблағҳои аз маъракаҳо сарфагардидаро дар раванди амали Қонун ба ин ҳисоб зам намоем (12 миллиарду 092 миллиону 178 ҳазору 879 сомонӣ сарфа шудааст), пас маблағи сарфашуда бо дарназардошти маҳдуд гардидани маъракаҳои оилавӣ ҳадди ақал беш аз 29 миллиарду 129 миллиону 410 ҳазору 361 сомониро ташкил медиҳад.
Пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола аз 20% то 25% афзоиш меёбад
«Ба ин дараҷа дар чунин муддати кӯтоҳ хизмат кардани як Қонуни миллиро хотираи қонунгузории кишварҳо кам дар ёд дорад. Ба василаи ин Қонун хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули Қонун се маротиба кам гардид. То давраи қабули Қонун, махсусан маъракаи хурсандии тӯйи домодию арӯсӣ, ки аз се рӯз то як ҳафта идома меёфт, феълан дар рӯзҳои корӣ камтар ба мушоҳида мерасад. Маъракаҳо баъди соати корӣ ва дар рӯзҳои истироҳат бошад, дар доираи соати муайян ва шумораи муайяни меҳмонон барпо мегарданд»,-иброз медорад Фаррухулло Олимзода.
Аз рӯи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола аз 20% то 25% афзоиш ёфта, гирифтани қарзҳо аз бонкҳо ба мақсади баргузории маъракаҳо аз байн рафтааст.
Бояд иброз намуд, ки амалишавии Қонуни мазкур барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Теъдоди ақди никоҳи давлатӣ ба маротиб зиёд гардид. Агар дар соли 2006 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 ҳазору 115 ақди никоҳ баста шуда бошад, пас аз қабули Қонун ҳамасола ин нишондиҳанда тақрибан ба 100 ҳазор адад мерасад.
Фаррухулло Олимзода баён медорад, ки фарҳанги маъракаороии мардум бо назардошти тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ ранги тоза касб намуд.
«Бинобар ин, дастовардҳои Қонуни миллӣ барои ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат қобили таҳсин мебошад. Зеро он рисолати аслии худро дар ҷомеа амалӣ намуда, барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум саҳми сазовор гузошт. Бешубҳа, тағйиру иловаҳои ба қонуни мазкур воридгардида, саривақтӣ буда, ҷиҳати ба низоми муайян ворид намудани ҷашу маросим нақши созгор гузошт»,-афзуд ӯ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС аз манбаҳои боз