Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад

Октябрь 30, 2025 09:27

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, бо мақсади таъмини иштироки фаъоли ҳунармандони ҷумҳурӣ дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, форум дар доираи иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026» бо иштироки 13 оилаи ҳунарманди ҷумҳурӣ ва оилаҳои ҳунарманди вилояти Хатлон гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки эҳё ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ намудан далели худшиносии миллӣ ва симои хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз ҷумла,  аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон  яке аз ин имтиёзҳо мебошад, ки баҳри ҳунармандон муқаррар шудааст.

Ҳамчунин Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва қабули «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон замина мегузоранд.

Соли 2024 Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 таъсис дода шуда, 20 нафар аввалин ҳунармандон бо пешниҳоди дархостҳои худ соҳиби грант гардиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ то имрӯз якчанд санад қабул намудааст, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ» ва «Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон» тасдиқ гардида, Шуро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2025 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд