Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн, соати 19:00 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар доданд.
Инчунин имрӯз, соати 18:00 дар боғҳои чор ноҳияи пойтахт барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда мешаванд.
Имрӯзҳо дар тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш, мизи мудаввар ва машваратҳо доир гардида истодаанд.
Ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардида, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ барои сайругашти оммавии сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне 27 июн бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






