Президенти Тоҷикистон: «Шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд»
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «қурбонӣ кардан, ки яке аз суннатҳои иди Қурбон мебошад, барои ҳама ва хусусан, ба шахсони эҳтиёҷманд воҷиб нест. Ин амалро танҳо шахсоне метавонанд анҷом диҳанд, ки дар таъмини аҳли оилаашон мушкилоте вуҷуд надорад. Яъне шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд».
«Зеро шариати ислом муқобили ҳама гуна сарфу хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ аст. Дигар ин ки Парвардигор низ бандаашро ба хотири сахтӣ кашидан наофаридааст», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Ба таъкиди Сарвари давлат, иди Қурбон айёми шод кардани қалби ятимону маъюбон ва камбизоатҳову эҳтиёҷмандон аст. Яъне онҳое, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд, бояд, пеш аз ҳама, аз ҳоли наздикони худ ва шахсони ниёзманд, инчунин, беморону азодорон бохабар шаванд.
«Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад.Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом омадааст, ки рӯзи ид айёми хурсандӣ, аз дилҳо дур кардани кинаву адоват ва хусусан, кумак кардан ба оилаҳои камбизоату ниёзманд ва ятимону маъюбон мебошад», — хотиррасон намуданд Президенти мамлакат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад






