Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ, бе шубҳа, яке аз унсурҳои асосии робитаҳои судбахш мебошад.
“Дар ин самт мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса медиҳем”, — изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бахшҳои энергетика, аз ҷумла рушди энергетикаи “сабз”, саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ҳамчунин, рушди кишоварзӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуд.
Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаи рушди пайвасти рақамикунонӣ, аз қабили ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили таконбахши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамоҳоеро, ки ба шарофати рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои иқтисодиёти кишварҳои мо кушода мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд.
Вобаста ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2024 дар бораи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд, ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди минбаъдаи ҳамкории нақлиётию логистикӣ дар минтақа, соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли мултимодалии борҳо ва афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила низ ба рушди иқтисодии минтақавӣ такони пурқуввате хоҳанд дод.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таҳияи Барномаҳои рушди кластерҳои саноатӣ (комплексҳо)-ро, ки барои ҷалби сармоя ва технология, ҳавасмандгардонии маҳаллисозии истеҳсолот, шароити иловагӣ фароҳам меорад, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои пешбурди “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати таъмини рушди устувор, ҳамкории минбаъда дар ин соҳа андешаронӣ намуданд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи иқтидори содиротии минтақа ва логистикаи таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули иқтисоди “сабз” дар минтақа, инчунин, ҳамоҳангсозии меъёрҳои фитосанитарӣ ва байторӣ аз мавзуъҳои муҳими суханронии Роҳбари давлати мо буд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкории судмандро дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро зарур арзёбӣ намуданд.
Таҳкими сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоишта дар минтақа ва атрофи онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба номиданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо бо мақсади ба даст овардани шароити муътадил ва пешгӯишавандаи беруна дар атрофи кишварҳоямон ба хотири некӯаҳволии наслҳои ҳозира ва оянда ҳастем”.
Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза бомуваффақият ва пурсамар хоҳад буд.
Дар ҳамоиш, ки бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифт, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории муштарак баррасӣ гардид.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин мебошад.
Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Чин омода аст таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд.
Дар фароварди ҳамоиш ба таври фосилавӣ Маркази ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ-Чин ифтитоҳ ёфт.
Аз рӯи натиҷаи кори Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид.