Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан карданд.
Гармхонаро соҳибкори ватанӣ Руслан Сайнаков дар масоҳати 0,64 гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст.
Ҳоло дар гармхона асосан бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ парвариш меёбад. Сабзавот дар гармхона ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад.
Дар гармхона 10 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Гармхона аз 6 қисм иборат буда, дар 1 сол аз он 30 тонна сабзавоти гуногун истеҳсол карда мешавад.
Аз гармхона сабзавоти тару тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар ба бозорҳои маҳаллӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҳангоми боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариши фаъолияти гармхона ва ба даст овардани ҳосили хуб ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд ва зиёд намудани майдони гармхонаҳоро омили муҳими таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо дар тамоми фасли сол маънидод карданд.
Дар ин баробар ба хоҷагидорон тавсия доданд, ки ҳар порча замини дар ихтиёрашон бударо самаранок истифода бурда, таҷрибаи рӯёнидани чанд ҳосил аз як заминро хубу оқилона мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар назди хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти хоҷагидорони ноҳияи Рӯшон боздид намуда, бо нишондиҳандаҳои кишоварзӣ шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки майдони умумии заминҳои ноҳияи Рӯшон 587 ҳазору 70 гектар мебошад, ки аз он 1396 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳад. Заминҳои наздиҳавлигӣ 110 гектар буда, хоҷагидорон кӯшиш мекунанд, ки ҳар як ваҷаби онро самаранок истифода баранд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар масоҳати 777 гектар замин кишти зироат гузаронида шудааст. Дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 374 гектар зироатҳои ғалладона ва лубиёгӣ, дар 246 гектар картошка, дар масоҳати 153 гектар сабзавот ва дигар навъи зироат кишт карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти истифодаи неъматҳои табиӣ ба хоҷагидорону масъулони бахши кишоварзӣ дастур доданд, ки бобати истифодаи мақсадноки обу замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода баранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






