РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИЁДАГАРДӢ. Ин намуди варзиш барои нигоҳ доштани вазни муътадили бадан кумак мекунад

Июнь 19, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 19.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 19 июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии пиёдагардӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии таъсиси ин сана ҷалби аҳолӣ ба пиёдагардӣ — ҳамчун усули нигоҳдории саломатӣ, такмили равандҳои фикрӣ ва таҳкими робитаи инсон бо табиат мебошад. Ҷонибдорони ин рӯз мардумро даъват мекунанд, ки на танҳо 19 июн, балки ҳар рӯз то ҳадди имкон ба муҳити сабз бароянд, пиёда раванд ва лаҳзае аз ташвишҳои зиндагӣ дур шаванд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, ин иқдом соли 1970 дар иёлати Мичигани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби журналист У.Т. Рабе пешниҳод шуд. Муаллифи ташаббус ҳадаф дошт, ки тавассути роҳгардии оромона одамонро ба нарм кардани суръати шадиди зиндагӣ ҳидоят намояд.

Дар шароити замони муосир, ки инсон пайваста дар ҳолати саросемагӣ, серкории рӯзафзун ва фишорҳои рӯҳӣ қарор дорад, масъалаи нигоҳдории саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ беш аз пеш муҳим гардидааст.

Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам бархе одамон тарзи ҳаёти солимро на бо варзиш, балки бо роҳи истифодаи доруворӣ ҳал менамоянд. Дар ҳоле ки варзишро гаравӣ саломатӣ номидаанд ва пиёдагардӣ яке аз намудҳо он аст.

Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла варзиши пиёдагардӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Яке аз роҳҳои оддӣ ва дастрас барои раҳоӣ аз ҳаяҷону изтироб пиёдагардӣ дар муҳити сабзи табиат — боғ, ҷангал ва хиёбонҳои шаҳрӣ мебошад.

Барои ҳар як шахс пиёдагардӣ дастрас аст. Барои он хароҷоти моддӣ талаб карда намешавад, танҳо каме вақт лозим аст.

Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки роҳгардӣ на танҳо стрессро коҳиш медиҳад, балки ба беҳтар шудани диққат, хотира, фаъолияти мағзи сар, иштиҳо ва хоби шабона мусоидат мекунад. Яъне пиёдагардӣ гардиши хунро беҳтар мекунад, ба танзими фишори хун мусоидат менамояд ва хавфи сактаҳои дилро коҳиш медиҳад. Пиёдагардӣ дар ҳавои тоза боиси озод шудани гормонҳои хушҳолӣ мегардад, ки эҳсоси оромӣ ва таскинро фароҳам меорад. Роҳгардии мунтазам равандҳои сӯхтани калорияро фаъол месозад ва дар нигоҳ доштани вазни муътадил кумак мекунад. Сайругашти оромона дар нимаи дуюми рӯз ё шом метавонад хоби шабонаро осонтар ва оромтар гардонад.

Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи тиб мардумро даъват менамояд, ки барои нигоҳдории саломатии худ ҳамарӯза пиёдагардӣ кунанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 19, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

VoLTE: ба суҳбатҳои телефонӣ садои комилан тоза зам намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, чоршанбе, 274-умин рӯзи соли 2025 аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» эълон гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад
Раҳматҷон Раҳматов: «МегаФон Тоҷикистон – танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад