«Саноатсодиротбонк» ба соҳибкорони Бадахшон беш аз 130 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар давраи фаъолият ба соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 130,3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст.
Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, қарзҳои имтиёзнок ба мақсади мусоидат ба рушди соҳаи соҳибкорӣ ва таҳкими заминаҳои иқтисодии вилоят равона шудааст.
Қарзҳои пешниҳодшуда тамомии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дарбар гирифта, аз ҷумла ба шаҳри Хоруғ — 87,6 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Шуғнон — 21,8 миллион сомонӣ, Рушон- 12,1 миллион сомонӣ, Мурғоб — 4,9 миллион сомонӣ, Роштқалъа — 2,7 миллион сомонӣ, Ишкошим — 0,7 миллион сомонӣ ва Ванҷ — 0,6 миллион сомонӣ рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки 2 феврали соли 2022 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филиали Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият оғоз намуд. Филиали Бонк хизматрасониҳои саривақтӣ ва муосири бонкиро ба роҳ монд ва айни замон ба зиёда 4 700 нафар муштарӣ хизматрасонии гуногуни бонкӣ пешниҳод гардида истодааст.
Филиали бонк дар шаҳри Хоруғ дорои 12 воҳиди корӣ буда, ҳама кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар филиал тамоми хизматрасониҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 асос ёфтааст, раванди сармоягузории фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои қарзии «Саноатсодиротбонк» имконияти муфид ва саривақтист.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






