Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст
ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат аз 17 миллиард киловатт—соати соли 1991 то ба 22,4 миллиард киловатт—соат дар соли 2024 расид. Ин пешрафт дар ҳолест, ки ҳанӯз талафоти шабакаҳо ва истифодаи ғайриқонунии барқ боқӣ мондааст. Танҳо дар соҳаи кам кардани талафот то имрӯз 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Додулло РАСУЛЗОДА.Матни пурраи мақола дар зер оварда мешавад.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад, истифодаи оқилона ва самараноки неруи барқ ба як омили калидии рушди устувор табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат тадбирҳои стратегии зиёдеро барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ андешидааст.
Ҳадафи асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони неруи барқ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Ҷанбаҳои иқтисодии истифодабарии самараноки неруи барқ
Истифодаи оқилонаи неруи барқ на танҳо ба камшавии хароҷоти давлат ва аҳолӣ, балки ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои иқтисодӣ низ мусоидат менамояд.
Бо сарфаи барқ талабот ба истеҳсоли барзиёд коҳиш меёбад ва ин ба коҳиши хароҷоти асосӣ дар бахши энергетика мусоидат мекунад. Ҳамчунин захираҳои озодшуда метавонанд барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок — аз ҷумла маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва инфрасохтор равона шаванд.
Талафоти неруи барқ, дуздӣ ва истифодаи ғайриқонунии он на танҳо амали ғайриқонунӣ, балки хатари ҷиддии иқтисодӣ ба буҷаи давлат ва хонавода мебошад. Зарари иқтисодӣ аз дуздии барқ ва талафоти техникии шабакаҳо ба миллиардҳо сомонӣ баробар шуда метавонад.
Ба хотири пешгирии ин хатарҳо, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025 тағйироти ҷиддӣ ба қонунгузорӣ ворид гардид. Мутобиқи моддаҳои 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 253-и Кодекси ҷиноятӣ, барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаримаҳои аз 20 то 300 нишондиҳандаи ҳисобӣ ва ҳатто ҷазоҳои маҳрумият аз озодӣ то 10 сол пешбинӣ шудаанд. Ин тадбирҳо барои таъмини тартибу низоми иқтисодӣ дар соҳаи энергетика аҳаммияти калидӣ доранд.
Фарҳанги сарфакорӣ ва нақши ҳар фард дар рушди иқтисоди миллӣ
Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат ба шумор меравад. Бо тадбирҳои сода, аз қабили истифодаи лампаҳои каммасраф, хомӯш кардани чароғҳо ва таҷҳизоти барқӣ дар ҳолати истифода нашудан, ҳар як шахс метавонад дар коҳиши хароҷоти энергетикӣ саҳм гузорад. Ҳамзамон, ин амал боиси сарфаи буҷаи оилавӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мегардад. Ҳукумат дар ин самт низ тадбирҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст, аз ҷумла:
- ҷорӣ намудани низоми биллингии ягона, ки ба шаффофият ва назорати истифодаи неруи барқ мусоидат мекунад.
- дастгирии технологияҳои сабз, аз ҷумла истифодаи энергияи офтобӣ ва дигар манбаъҳои барқароршаванда.
- таҳкими Агентии назорати энергетикӣ, ки вазифаи асосии он пешгирии талафот ва назорати истифодаи дурусти қувваи барқ мебошад.
Ҳарчанд ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас дар энергетика ноил шудааст, вале як қатор омилҳои таҳдидкунанда боқӣ мемонанд, аз ҷумла:
-талафоти шабакавӣ (техникӣ ва ғайритехникӣ);
-истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби баъзе истифодабарандагон;
-коҳиш ёфтани иқтидори шабакаҳои кӯҳна ва ниёз ба таҷдиди онҳо;
-истеъмоли беандоза ва ғайрисамаранок аз ҷониби сокинон ва корхонаҳо.
Сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯйи истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисоди сабз равона шудааст. Ҳар як шахс бояд дарк кунад, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ на танҳо ба манфиати буҷаи хонавода, балки ба ояндаи наслҳо хидмат мекунад.
Ҷиҳати беҳтар гардидани масъала чанд тавсияҳои асосӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳо пешниҳод мегардад:
-истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф (энергосарфакунанда);
-ҷорӣ намудани технологияи муосир;
-баланд бардоштани маърифати энергетикӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Дар ниҳоят, истифодаи самараноки неруи барқ — кафолати рушди иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Танҳо бо ҳамкории самараноки давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеа метавон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва сатҳи баланди зиндагии шоиста ноил гашт.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






