САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд

Июнь 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан дар вохӯриҳои анъанавӣ бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона, хусусан занонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт, зеро дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст».

Ҳамзамон Пешвои миллат бо овардани мақоли халқии «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд», изҳор доштанд, ки «соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, шумо, занону модарони ҳастед».

Муовини директори Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ин ишораҳо моро водор месозанд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронем, зиёдаравӣ накунем, ба қадри нозу неъмати зиндагӣ расем ва талаботи қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба хотири рӯзгори ободу оилаи хушбахт ҳамеша риоя намоем.

«Дар ғанӣ гардонидани буҷаи оила нақши занон хеле бузург аст, зеро мардҳо ба истилоҳ маблағворидкунандаи асосӣ дар хонаводаҳо ба ҳисоб мераванд. Аммо чӣ гуна сарф намудани маблағ, ба харҷи беҳуда роҳ надодан ва буҷаи оиларо ғанӣ гардонидан ба занон вобастагӣ дорад»,-андеша дорад Маҳбуба Азимова.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар оила, пеш аз ҳама занон бояд намунаи ибрат бошанд. Мутаассифона дар аксар маврид онҳо сабаби роҳ додан ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мегарданд, ки ин кори оқилона нест.

— Занонро зарур аст дар баробари модари ғамхору тарбиятгари насли оянда будан, инчунин сарфакори хонадон бошанд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар аксар маврид ба харҷи беҳуда роҳ медиҳанд. Онҳо дар маъракаҳояшон дастархони бодабдаба ороста, ба зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ медиҳанд,-илова кард номбурда.

«Хуб мебуд занони тоҷик маблағҳои оилавиро на барои гузаронидани маъракаҳои серхароҷот, оростани хони пурнозу неъмат ва харидории либосҳои гаронарзиш сарф кунанд, балки барои таълиму тарбияи фарзандон, хусусан баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинию забондонӣ, ба камол расонидани онҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии хонадон истифода намоянд»,-афзуд Маҳбуба Азимова.

Дар истифодаи маблағҳои хонавода ва иҷрои аксар расму оинҳо занону бонувон нақши меҳварӣ доранд, ки сарфаю сариштакор будани онҳо бояд дар мадди аввал бошад.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» на барои ҳавою ҳавас, балки маҳз ба хотири пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти миёншикан ва исрофкориву намоишкорӣ баъди мулоҳизаву муҳокимаҳои зиёд ва омӯзиши чандинсолаи афкори умум қабул гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ПУРСИДЕД? ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Парвандаҳои маданӣ дар судҳо чӣ гуна баррасӣ карда мешаванд?
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар фаъолияти судҳо нақши забон амиқу дақиқ дарҷ шудааст»