Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд

Июнь 10, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд.

Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз гардида, доир шудани ин тадбири муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Зимни муарифии имконияти мусоиди сармоягузорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар 8 соли охир афзоиши миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,5 фоизро ташкил дод. Пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, таъсиси 5 минтақаи озоди иқтисодӣ, дастгирии доимии намояндагони бахши хусусӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ворид шудани технологияи муосир ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуд.

Танҳо давоми 5 соли охир ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,6 миллиард долар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Дар Форум роҳбарони давлатҳо, сарвазирон, намояндагони ташкилотҳои молиявӣ ва соҳибкорону сармоягузорон иштирок намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони рушд, намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорону сармоягузоронро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест 2025”, ки моҳи октябр баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.

Ҷонибҳо дурнамои рушди устувори муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд.

Тавре аз таҳлилҳо бар меояд, давоми солҳои охир робитаҳо байни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли рушд аст, ки аз самараи татбиқи сиёсати созандаи Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар маншаъ мегирад.

Ҷонибҳо истифодаи имкониятҳои иловагиро барои таҳким бахшидани он зарур донистанд.

Дар мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки таҳти раёсати сарвазирони ду давлат доир шуд, паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дучониба муҳокама гардид.


Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов таҳкими робитаҳои дуҷонибаро ба сиёсати созандаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон марбут донист.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир шудани Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкандро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, фарогирии бахшу соҳаҳои навро дар робитаҳои дуҷониба ба нафъи ҳарду давлат донист.

Дар доираи мулоқоти ҳайатҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика равона карда шуд.

Ба тавофуқ расидан ва паҳлуҳои навро фарогир шудани ҳамкорӣ дар бахшҳои соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду ҷониб дониста шуд.

Тазаккур дода шуд, ки сиёсати созандаи роҳбарони ду давлат барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Июнь 10, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид