ШАҲРИСТОНИ ҲУЛБУК. Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ пайдогардида намунаи санъати олии ҳунармандӣ буда, нотакрор мебошанд

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯзҳо дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ идома доранд. Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ чунин баёни андеша намуд:
— Дар натиҷаи ин ковишҳо садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои шишагӣ, зарфҳои сафолии ороишӣ ва оддӣ, хиштҳои гуногунандоза, ҳалқаҳои мисию биринҷӣ, мехҳои оҳанину мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва осори фаъолияти ҳунармандон дар коргоҳҳои қадимӣ, ба монанди маъдангудозӣ, шишасозӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ пайдо карда шудаанд.
Сарватҳои нотакрори бостонӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва таърихию табии миллати тамаддунофари тоҷик ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар давоми пойдории хеш ба фарҳанги ҷаҳонӣ навгониҳои зиёдеро ворид намудааст.
Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, пешбурди тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои нодири мероси ғайриманқули мамлакат, аз ҷумла пойтахти Хатлони қадим — шаҳри Ҳулбук низ баъди ҳазорсолаҳо аз нав оғоз гардидааст.
Қасри Шоҳони Хатлон, шаҳристони Ҳулбук, мақбараи шоҳони Хатлон, ҳаммомҳои асримиёнагии Ҳулбук, инчунин осорхонаи Ҳулбук имрӯз яке аз марказҳои бонуфузи сайёҳии мамлакат ба шумор меравад.
Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук-ҳамчун объекти афзалиятдоштаи таърихию фарҳангии дараҷаи байналмилалӣ дар конфронси «Рушди ҳамкорӣ, коркарди лоиҳаҳои якҷоя дар доираи ҳамкории фарҳангӣ» дар шаҳри Москва эътироф гардид.
Таъсисёбӣ ва ташаккули давлати Хатлони бостонӣ дар тамаддуни халқи тоҷик, рушду нумуи таърих ва фарҳанги миллати тоҷик мавқеи хосаро ишғол менамояд.
Чун имрӯз, дар гузашта низ Хатлон яке аз марказҳои бузурги Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар пешбурди тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодиёти минтақа мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Рушду тараққиёти он дар ҳамбастагӣ бо давлатҳои ҳамҷавор алоқамандӣ дорад. Хатлон аз қадимулайём ҳамчун давлати синтезкунандаи фарҳангҳо ва динҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ин тамоюл боиси ғанӣ гардонидани таъриху фарҳанги миллӣ низ гардидааст.
Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук дар соҳилҳои рости дарёҳои Сурхоб (Ҳулбук) ва Яхсу (Ахшу) ҷойгир шудааст. Мавқеи ҷойгиршавии шаҳр аз нигоҳи стратегӣ ниҳоят муфид буда, тамоми паҳнои қисмати ғарбӣ ва ҷанубӣ –роҳҳои воридотӣ таҳти назорати доимӣ қарор доштанд. Шаҳр ва қаср воқеъ дар хамгашти соҳилҳои дарёҳои Сурхоб (Ҳулбук) ва Яхсӯ (Яхсу) аз се тараф: шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ бо садҳои обӣ ҳифз карда шуда аз ҷониби ғарбӣ бошад онҳоро доманакӯҳ паноҳ мекарданд.
То имрӯз аз ҳудуди шаҳри бостонии Ҳулбук тақрибан 20 гектар боқӣ мондааст, ки корҳои ҳафриётӣ дар мавзеи мазкур танҳо дар давраи итиқлоли мамлакат оғоз ёфта, имрӯз муваффақона идома дорад. Бояд тарҳи шаҳри асримиёнагӣ пурра муайян карда шавад.
Дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон маҳаллаи хунармандӣ бо дӯконҳо, хумдонҳои шишапазӣ, коркарди маснуоти филизӣ ва симобкӯзапазӣ бо боқимондаҳои маҳсулоти нимтайёр бо риояи тамоми талаботи санитарӣ ва таъмини об пайдо гардидаанд.
Хатлони қадим дар шохаи ҷанубии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ҷойгир шуда, роҳи асосии тиҷоратӣ аз саргаҳи дарёи Омӯ тавассути дарёи Панҷ, қад-қади дарёи Сурхоб гузашта, то ба пойтахти Хатлон шаҳри Ҳулбук мерасид. Аз он ҷо тавассути дарёҳои Сурхоб ва Яхсӯ бо дигар шаҳрҳо — Манзара, Нозкул, Дашти Дилӣ, Имомалӣ, Ғелот, Мунк, Балҷувон, Кангурт, Тамлиёт, Пули Сангин ва Вашгирд идома меёфт.
Аз Вашгирд роҳи рост ба қаламрави Аҳорун ва Шумон мегузашт ва он тараф то ба Чағониёну Тирмиз мебурд. Яъне, роҳи мазкур давродаври қаламрави Тахористони шимолиро давр зада, аз нав ба силсилаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим мепайваст.
Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихии арабӣ-тоҷикии асрҳои IX-XII, давлатдории шоҳони Хутталон дар манотиқи Вахш, Қубодиён, Шумон ва Рашт доман густурда, бандари минтақавии Тирмиз барои Шоҳони Хатлон мавриди хизмат қарор дошт. Шоҳигарии Хатлон дар давоми асрҳо мустақилияти худро ҳифз намуда, сиёсати давлатдориро дар музофотҳои воқеъ дар ҷануби дарёи Омӯ то Балх назар ба мулкҳои дигари Мовароуннаҳр байни дарёҳои Омӯ ва Сир мустаҳкаму қавӣ нигоҳ медошт.
Барои маъмул будани санъати ҳунармандӣ, аз ҷумла санъати нассоҷии мардуми Хатлон, таърихнигори асримиёнагии хитойи Хой Чао дар қайдҳои худ махсус нишон додааст: «Дар Хутталон матоъҳои пахтагин, шоҳӣ ва қолинҳои пашмин истеҳсол намуда, ҳамчунин онро истихроҷ менамоянд. Мардуми Хутталон либосҳои аз пахта, шоҳӣ, пашм ва пӯст истеҳсол намудаи худро васеъ истифода мебаранд».
Давоми таърих ҳунармандони Хатлонӣ тарзи сохтани зарфҳои шишаи оддӣ, булурӣ ва рангаро бо тарз ва усулҳои хоса кашф ва истеҳсол менамуданд, ки ҳам барои талаботи дохилӣ ва содирот басанда буд. Яке аз таърихнигорони барҷастаи асримиёнагӣ Яъқубӣ барои рабазҳои шаҳри Бағдод чунин менависад: «Дар бозорҳои Бағдод ҳунармандони Самарқанд, Марв, Балх ва Хатлон ҳастанд…»
Тибқи нишондодҳои сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои коргоҳҳои кулолгарӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, мисгарӣ, маъдангудозӣ, шишагудозӣ теъдоди маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ, нассоҷӣ, ҳунармандӣ, хоҷагии қишлоқ, коркарду содироти фулузоти нодир ва сангҳои қиматбаҳо, ки мардуми Хатлон истеҳсол менамуданд, дар таъмини аҳолии маҳаллӣ, ҳамчунин содироти хориҷӣ кифоят менамуд.
Ҳамаи намунаи бозёфтҳои санъати ҳунармандии аз шаҳрҳои алоҳидаи Хатлон пайдогардида дар табақаи ҳунармандони касбии маҳалӣ бо услубу маҳорати хоса истеҳсол шудаанд, хотирмон ва нотакрор мебошанд.
Бозёфти хумдонҳои гуногунҳаҷми кулолгарӣ, маъдангудозӣ, шишагудозӣ ва хиштпазӣ теъдоди беҳисоби маҳсулоти саноатӣ, ҳунармандӣ инчунин коркарду содироти фулузоти нодир ва сангҳои қиматбаҳо аз ҳудуди ин сарзамин далели он аст, ки онҳо ҳам дар таъмини дохилӣ ва ҳам содирот кифоят менамуданд.
Шералӣ Хоҷазода,
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»