Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Об манбаи асосии ҳаёт дар рӯйи Замин аст. Он ба устувории муҳити зист, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисод ва ҳамкории мутақобилан судманди байни давлатҳо таъсири калон дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот, об ба як захираи стратегӣ табдил ёфтааст. Идоракунии самараноки он бояд дар асоси илм ҷараён гирад ва манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа ба назар гирифта шавад»,-чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш.
Ба гуфтаи Шарифа Худобахш, Тоҷикистон беш аз нисфи оби ҳавзаи баҳри Аралро (тақрибан 64 километри мукааб дар як сол) таъмин мекунад. Манбаи асосии он пиряхҳо мебошанд, ки ҳоло бо суръат об мешаванд. Агар тадбирҳои зарурӣ андешида нашавад, дар оянда оби рӯдҳои Амударё ва Сирдарё метавонад то 40% коҳиш ёбад.
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки бояд марказҳои мушоҳидаи пиряхҳо таъсис ёбанд, мутахассисон омӯзонида шаванд ва маълумоти илмӣ ба стратегияҳои рушд ворид гарданд.
«Афзоиши аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва саноат низ ба об талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои идора намудан захираҳои об илм ва маълумоти дақиқ нақши муҳим дорад. Бе маълумоти аниқ дар бораи пиряхҳо, барф ва яхбандӣ пешгӯии миқдори об душвор аст, махсусан дар мавсимҳои хушк, ки талабот ба он бештар мешавад»,- афзуд Шарифа Худобахш.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Шарифа Худобахш, тадқиқоти криосфера (яъне омӯзиши пиряхҳо, барф ва дигар шаклҳои ях) бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид шавад.
Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт, пеш аз ҳама ҷамъ овардани дониш, технология ва захираҳо барои ҳифзи манбаи асосии об мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»






