СИЁМА. Оби ин дарё ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст

Июнь 1, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дарёи Сиёма дар масофаи 55 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб воқеъ гардида, тибқи ташхисҳо, оби он яке аз беҳтарин обҳои ҷаҳон арзёбӣ гардидааст. Чунин иттилоъ доданд ба ҳайати меҳмонон, ки баъди анҷоми Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29 — 31 май) имрӯз аз рӯи хатсайри Душанбе — Сиёма ба дараи Варзоб рафтанд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин сафар меҳмони хориҷиро ҳамроҳӣ менамояд, хабар дод.

Роҳбалад ҳамчунин ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дод, ки оби дарёи Сиёма, ки аз қуллаҳои баланди қаторкӯҳҳои Ҳисор, баландии 4208 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар Амрико доир шуда буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст.

Чор фасли сол дар як вақт дар Тоҷикистон

Ҳайати меҳмонону иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз тамошои манзараҳои назаррабою нотакрори дараи Варзоб ба ваҷҳ омада, изҳори хушнудӣ менамуданд, ки имрӯз дар баробари иштирок дар чорабинии сатҳи баланд, имкони тамошои табиати афсункори Тоҷикистони офтобрӯяро доранд. Ба онҳо доир ба зарфият ва иқтидори захираҳои обӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, хусусан дараи Сиёма маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳои баланд бо нуқтаи баландтарин- қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ то 7 495 метр ташкил медиҳанд.

Яке аз муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон ин дар як вақт мушоҳида намудани чор фасли сол мебошад, ки меҳмонон онро таъкид карданд. Бар зами ин ин табиати афсункор дорои олами бойи набототу ҳайвоноти нодир низ мебошад, ки бархе аз он дар Китоби сурхи байналмилалӣ ва Китоби сурхи Тоҷикистон сабт гардидааст.

Сиёма — табиати нотакрор ва сарчашмаи оби мусаффо

Дарёи Сиёма аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, дарозиаш 21 километрро ташкил медиҳад ва дар ҳавзаи дарё ягон нуқтаи аҳолинишин вуҷуд надорад. 78,4 фоизи масоҳати ҳавзаи дарёи Сиёмаро кӯҳҳои санглох, хирманҳо, пиряхҳо ва майдонҳо, инчунин 18,8 фоизи майдони умумии ҳавзаро алафзори ғафс, марғзори субалпӣ ва кӯҳӣ, 2,8 фоизашро буттазор ва ҷангалзор ташкил медиҳанд.

Аз ин ҷост, ки дар ин мавзеъ барои сайёҳон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардидааст. Сол то сол теъдоди сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои ин мавзеъ рағбатдошта меафзояд.

Дарёи Сиёма ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил аст

Мувофиқи таҳқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва тозакунии организм хеле муфид мебошад. Оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи Замин тафовут дошта, дохил шудани ягон моеъ ба таркиби он ғайриимкон аст.

Тибқи иттилои олимон, оби Сиёма дар тамоми фасли сол тоза буда, аз барф ва пиряхҳо ташаккул меёбад ва хеле сард ва мусаффо мебошад, ки ҳатто сангҳои дар қаъри дарё қарордошта ба чашм аён мешаванд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидани солҳои 2018-2028, соли 2019 дар шаҳри Душанбе корхона оид ба истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» ба истифода дода шуд. Дар корхонаи мазкур истеҳсоли оби Сиёма дар зарфҳои гуногунҳаҷми шишагин ва пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Он имрӯзҳо ҳамчун бренди миллӣ эътироф гардидааст.

Об тавассути мошинҳои махсус аз дарёи Сиёма ба корхона интиқол дода мешавад. Ин тарҳ аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ судманд буда, тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза иқдоми саривақтӣ мебошад.

Насими форами дарёи Сиёма ба меҳмонон роҳат бахшид

Меҳмонону иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз тамошои манзараҳои дилфиребу нотакрори табиати зебои дараи Сиёма, хусусан дарёи кӯҳии Сиёма ва оби мусаффои он ба ваҷд омада, қад-қади соҳили рости он ба масофаи беш аз 1 километр ҳаракат намуданд. Онҳо оби зулолу сарди Сиёмаро нӯшиданд ва дар зарфҳо бо худ гирифтанд.

Бештари меҳмон иброз намуданд, ки нахустин маротиба ба Тоҷикистон омадаанд ва ин сафар барояшон хотирмон гардид. Онҳо зимни саёҳат ба ин гӯшаи муъҷизаосои Тоҷикистон — дараи Варзоб, хусусан ҳангоми ҳаракат дар канори рӯди кӯҳии Сиёма аз бӯйи хушу муаттари гулу гиёҳҳои ин мавзеи кӯҳӣ ҳаловат бурданд.


Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иброз намуданд, ки «оянда ба Тоҷикистон бо мақсади саёҳат хоҳанд омад ва бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин мардуми дорои тамаддуни бой, ки таърихашон беш аз 6 ҳазор сол арзёбӣ мегардад, аз наздик шинос хоҳанд гашт».

Ёдовар мешавем, ки 31 май Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо натиҷагирӣ гардид ва имрӯз, 1 июн барои иштирокдорони ин чорабинӣ аз рӯи 7 хатсайр – Душанбе, Душанбе-Ҳисор, Душанбе-Сиёма, Душанбе-Ромит, Душанбе-Норак, Душанбе-Роғун ва Душанбе-Сафеддара саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакат ташкил гардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд