Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус

Июнь 9, 2025 21:25

09.06.2025, Фаронса

Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.

Хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд.

Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба уқёнусҳо алоқаманд набошад ҳам, дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим нақши калидӣ дорад.

Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе”, дар давоми ду даҳсола кишварҳои узви Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳам меоранд.

Дӯстони арҷманд,

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза ба шумор мераванд дар нигаҳдории экосистемаи глобалӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст.

Ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони миллал, ҳамзамон, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад ва Тоҷикистон рӯзҳои 29-31 майи соли ҷорӣ мизбони ҳамоиши аввалини байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо шуд.

Чорабинии мазкур, бо дарназардошти обшавии босуръати пиряхҳо, ба як платформаи муҳим барои баррасии тадбирҳои муштарак баҳри ҳалли ин масъала табдил ёфт.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҳифзи уқёнус ва захираҳои обӣ вазифаи тамоми кишварҳои ҷаҳон буда, танҳо тавассути андешидани тадбирҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуда метавонад.

Дар ин замина пешниҳод менамоям, ки барои ҳифзи экосистемаҳои соҳилӣ ва баҳрӣ ва минтақаҳои ташаккули манбаъҳои оби тоза теъдоди фондҳои глобалӣ афзун карда шаванд. Итминон дорам, ки чорабинии имрӯза барои татбиқи уҳдадориҳои нав дар самти ҳифзи уқёнус ва мавҷудоти зериобӣ заминаи пойдору устувор хоҳад гузошт.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Июнь 9, 2025 21:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд