Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад

Июнь 27, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.

Хуб дар ёд дорем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Бо чунин андешаҳо дар рӯзи аввали фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем. Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад.

Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун идеяи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлатии мо арзёбӣ мегардад.

Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.

Бо мақсади дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли наврас, аз ҷониби онҳо амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст, ки ҳангоми тадриси фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаву олии касбӣ мавзуи «Ваҳдати миллии тоҷикон» дохил карда, ба хонандагон аҳамияти ин масъала омӯзонида шавад.

Зеро инсоне, ки гузаштаи таърихиашро фаромӯш мекунад, метавонад аз фориғболӣ ба хатогӣ роҳ дода, боиси сар задани мушкилиҳо гардад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки Ватани худро ҷавонмардонаву самимона дӯст дорем, ҳифз намоем ва ба хотири рушду ободии он пайваста талош варзем.

Инчунин фаромӯш набояд кард, ки худогоҳиву худшиносӣ танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавие аст, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад.

Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолат ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад.

Мо бояд ин суханҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳем: «Ман ба қудрати созандаи халқи тоҷик, пойдории истиқлолият, пояндагии ваҳдати миллат ва ояндаи ободи Ватани азизамон эътимоди қавӣ дорам».

Итминони комил дорам, ки аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мову шумо пояҳои давлату давлатдории мустақилонаи худро боз ҳам мустаҳкам карда, ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда мерасонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо мекунем.

Акбар АСАДУЛЛО,
Муассис, Раиси Шурои директорони ҶДММ  «Ғаюр Гурӯҳ»

Июнь 27, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд