ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Июнь 27, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 27.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷангу низоъ, пирӯзии ҳамраъйиву ҳамдилӣ бар парокандагӣ ва оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ халқи Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, барои пойдории давлат ва эҳёи умедҳои сурурбахш замина гузошт.

Қобили тазаккур аст, ки имсол аз он рӯйдоди сарнавиштсоз бисту ҳашт сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин давра, аз самари сулҳу суботи пойдор, ҳамдиливу ҳамраъйии халқи азизи кишвар ва роҳбарии хирадмандонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азиз ба комёбиҳои назаррас дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид ва имрӯз ҳамчун як кишвари сулҳпарвару пешрав дар ҷаҳон шинохта мешавад.

Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».

Бояд тазаккур дод, ки дар роҳи баҳамойии тарафҳо ва ба имзорасии ин созишномаи сарнавиштсоз фарзанди фарзонае муваффақ шуд, ки имрӯз тамоми мардуми тоҷик бо ифтихор ӯро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф намудаву бо иродатмандӣ атрофи сиёсати хирадмандонаву инсонмеҳваронаашон баҳри ободии Ватани хеш муттаҳиданд. Ин абармарди дунёи сиёсат дар вазнинтарин ва душвортарин лаҳзаҳои таърихи кишвар — замоне ки давлат дар ҳоли парокандашавӣ ва миллат дар вартаи нобудӣ қарор дошт, масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифт ва мардумро аз вартаи ҳалокат наҷот дод.

Дар воқеъ, сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Пешвои миллат, ки дар маркази он эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, посдошти арзишҳои миллӣ ва эҳтироми ҳамдигар қарор дорад, имкон фароҳам овард, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлоли демокративу ҳуқуқбунёд дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дошта бошад. Таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расман оғоз ёфт, ба давлати мо роҳи созандагӣ ва рушди устуворро бахшид.

Дар ин робита, бе ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки сулҳи тоҷикон падидаи нодир дар низоми муосири сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар таърих ҳамчун таҷрибаи бемисли ба тавофуқ расидани ҷонибҳои даргир тавассути музокироти сиёсӣ сабт гардидааст. Аз ин рӯ, нақши Пешвои миллат дар ин раванди душвору печида на танҳо роҳбарӣ, балки раҳнамоӣ ва пуштибонии хирадмандонае буд, ки хоси шахсиятҳои таърихист!

Яъне нақши Пешвои миллат дар тақвияти ваҳдати миллӣ на танҳо ба пояи давлатдорӣ асос мегирад, балки ҳамчун таҷассумгари иродаи миллӣ, сулҳ ва суботро ба як арзиши умумимиллӣ табдил додааст. Дар шароите ки бисёр кишварҳо бо буҳронҳои сиёсӣ ва низоъҳо рӯбарӯянд, таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани барқарории сулҳ тавассути иродаи сиёсӣ ва пуштибонии мардум аст.

Ҳоло, ки вазъи ҷаҳонӣ рӯ ба печидашавӣ овардааст ва бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ фазои сиёсии ҷаҳонро ноустувор сохтааст, аҳамияти ваҳдати миллӣ ҳамчун омили бақо ва амният боз ҳам зиёдтар мегардад. Тоҷикистон танҳо бо нигоҳ доштани ин ваҳдати нодир метавонад мавқеи устувори худро дар минтақаву ҷаҳон ҳифз намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бояд дарк намояд, ки танҳо тавассути нигоҳ доштани ваҳдати сартосарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамзистии осоишта метавон ба бақои давлатҳо, зиндагии саодатбору пурнишоти инсонӣ ва суботи ҷаҳонӣ расид, ки ин ҳама ба ҷуз ваҳдату ҳамраъйӣ ба ҳеҷ роҳи дигар муяссар намегардад. Дар ҳамин росто, таъкидоти ҳакимонаву оқилона ва саршори муҳаббат ба Ватану масъулияти Роҳбари сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чароғи роҳнамо: «Барои миллати мо, халқи мо, давлати мо, ваҳдат, сарҷамъии миллат, сабру таҳаммул, худшиносии баланди миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ лозим аст» нерӯи андешаи фавқро зиёдаву асоснок мегардонад. Инчунин таъкиди Пешвои миллат, ки аз қалби пурҳарорату масъулияти баланди Роҳбари хирадрою инсондӯст садо додаанд, ҳамчун як сабақи таърихӣ ва даъвати рӯшан барои тамоми тоҷикон ва ҷомеаи башарӣ барои ҳифзи муқаддасоти ҳастӣ ва нишоти зисту зиндагонӣ-сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистӣ мебошад.

Дар ҳамин замина, ҳифзи ваҳдат вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти бузурги ҳар як шахси худогоҳ, хоса аҳли зиё, устодон, мураббиён ва кормандони фарҳанг аст. Вазифаи мо — аҳли зиёи кишвар аст, ки дар шароити муосир насли навро ба маърифати ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол тарбия намоем. Инчунин бо нутқи созанда, асарҳои бедоркунандаи ҳисси миллӣ ва фаъолиятҳои илмӣ-маърифатӣ ҳиссаи худро дар поягузории суботи ҷомеа гузорем.

Дар ин раванди пурифтихор ва омоданамоии мутахассисони соҳибкасбу ватандӯст, илм ва маориф на фақат василаи рушд, балки тақвиятбахши ваҳдат ва шинохти худшиносии миллӣ мебошанд. Дар ин масир муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар ҳамчун марказҳои маърифат ва маънавиёт вазифадоранд, ки насли навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми арзишҳои давлатдориву фарҳанги миллӣ тарбия намоянд.

Имрӯз мо бо камоли ифтихор таъкид менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи кишвар, дар самти пешбурди сиёсати фарҳангиву маърифатӣ, инчунин ба сифати маркази илм ва таҳқиқот, саҳми босазое дар татбиқи ҳадафҳои давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

Ташкили мунтазами чорабиниҳои тарбиявӣ, сиёсӣ, маърифативу адабӣ дар донишгоҳ шаҳодати равшани иштироки фаъолонаи муассиса дар рушд ва таҳкими андешаи миллӣ мебошад. Ин тадбирҳои сатҳи баланди илмӣ на танҳо майдони муҳокима ва мубодилаи афкори коршиносон мебошанд, балки ҳамчун воситаи муассири рушди ҳамкориҳои илмӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироии илмиву фарҳангӣ миёни олимону донишмандон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши муҳим доранд. Ҳадафи ниҳоии ин чорабиниҳо тарбияи мутахассисони ҷавон ва соҳибони ояндаи ин марзу бум дар роҳи худшиносиву маърифатпарварӣ буда, онҳо метавонанд бо дониши амиқ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Мо ифтихор дорем, ки маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ормонҳои ваҳдатофарини миллат, муҳити донишгоҳ ба макони афкори созанда, озодандешӣ, таҳқиқоти илмии самарабахш ва тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ донишгоҳ ҳамчун сутуни маърифат ва рушд устувор гашта, нақши худро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва тавсеаи маърифати сиёсиву фарҳангӣ сарбаландона иҷро менамояд.

Дар ин баробар, ҷомеаи меҳнатдӯсту заҳматқарини донишгоҳ хуб медонад, ки дар замони ба гирдоби таҳаввулот ва номуайянии сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ будани ҷомеаи ҷаҳонӣ, Ваҳдати миллӣ чун сутуни устувори ҳастии давлату кафолати бақои миллат беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Дар ин раванд, чун узви ҷомеаи зиёии кишвар ҳамчун нигаҳдорандагони ҳувияти миллӣ, тарғибгарони дониш, андеша ва ахлоқи созанда, пайваста дар самти таҳкими субот, тарбияи ватандӯстонаи насли ҷавон ва густариши худшиносии миллӣ саҳмгузоранд.

Хулоса, имрӯз, беш аз ҳар вақти дигар, зарурати иттиҳоди ботинӣ, масъулияти шахсӣ ва садоқат ба ормонҳои миллӣ эҳсос мегардад. Аҳли зиё-устодону муҳаққиқон, адибон ва равшанфикрон-бояд бо таълифоти мондагору сухани нерӯбахш, бо рафтору амали ибратомӯз ва бо ҳузури фаъол дар ҷомеа, ба сифати нерӯи созанда ва сипари маънавии ваҳдату ҳамдилӣ табдил ёбанд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем мероси пурарзиши сулҳу ваҳдатро, ки бо ҷонбозиҳои таърихӣ ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст, ҳифз намуда, онро ба як мактаби зиндаи миллисозӣ ва фардосозӣ табдил диҳем.

Мунир САФАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 27, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид