Варзишгар аз Амрико Каролина Глейш: «Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон нақл хоҳам кард»

Июнь 1, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сафари ҳайати меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои иштирок дар «Эко-пойга барои пиряхҳо» («Eco-Run For Glacier»), ки дар Маҷмааи лижаронии Сафеддара баргузор мегардад, оғоз шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ин сафар беш аз 500 варзишгар ва иштирокдорони конфронс аз 80 кишвари ҷаҳон гирд омадаанд, ки гувоҳи нуфуз ва эътибори афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин сафар меҳмонони ҳориҷиро ҳамроҳӣ менамуд, дар роҳ бо варзишгар аз Амрико Каролина Глейш ҳамсуҳбат гардид.

«Маро боғҳои сабзу гулпӯш, мардуми хушҳоли Душанбе ва кӯҳҳои баланди ин шаҳри ҳамешасабзро иҳотанамуда хеле писанд омад. Бузургшаҳрҳо дар ҷаҳон зиёданд, аммо андеша дорам, ки Душанберо сокинони меҳмоннавозаш шукуҳу шаҳомати хосса мебахшанд. Ин қадар мардуми самимӣ ва кушодачеҳраро дар ҳаётам надидаам. Хайрхоҳию меҳмоннавозиашонро дида, хайёл мекунам бо онҳо шиноси деринаам ва борҳо дар ин ҷо будам, ҳарчанд маротибаи аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадаам»,- таассуроти худро баён намуд ӯ.

Дар идомаи суҳбат Каролина Глейш гуфт: «Бо ин қадар зебоӣ Тоҷикистонро наметавон дӯст надошт. Чизи дигаре, ки бароям хело писанд омад, ин хӯрокҳои тоҷикӣ, махсусан оши палов, сихкабоб ва шӯрбо аст. Ошпазҳои тоҷик маҳорати баланд доранд, маззаи оши палав дар Душанбе бароям фаромӯшношуданист. Наворҳоро ба дӯстону ҳамкоронам нишон дода, дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон қиссаҳо хоҳам кард. Мегӯям, ки дар ин сарзамин он қадар одамони самимию меҳмоннавоз зиндагӣ мекунанд, ки аз дидору суҳбаташон сер намешавӣ».

Дигар меҳмонони ин ҳайат низ табиати Тоҷикистонро афсонавӣ номида, ба мардуми меҳмоннавози тоҷик, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомашон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки барои башарият ҳаётан муҳим мебошад, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Меҳмонон раҳораҳ бо шавқу шодӣ манзараҳои Тоҷикистонро тамошо карда, мафтуни табиати нотакрори мо гардиданашонро баён намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад