Вазорати мудофиа: «Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чорабиниҳои пешаздаъватӣ доир карда мешаванд»

Июнь 9, 2025 11:16

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо,  сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон гузаронида  шаванд.   Комиссияҳои даъватӣ  корро дар ин самт босамар ташкил намуда, меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳаро  риоя намоянд. Дар  ин хусус  зимни  ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи  вазорат    натиҷаи фаъолияти  комиссариатҳои ҳарбӣ дар  маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар  ҷаласа ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, масъулини қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратии мамлакат иштирок доштанд.

Масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори он  сараввал даъвати баҳории соли 2025 –ро  таҳлилу натиҷагирӣ намуда, пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳуриро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳо,  доир ба ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта  таъкид гардид, ки ҳангоми баргузории ин қабил ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ ба масоили муайян намудани шумораи мушаххасси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Дар  ҷамъомад вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карда шуд.

Вазири мудофиаи мамлакат Эмомалӣ Собирзода  бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки моро зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак бошем, тамоми вазифаву уҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулиятияти баланд иҷро намоем.

Ҳамзамон, ба масъулини ҷузъу томҳо дастур дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯза ба сатҳи касбият, донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва сатҳи баланди таъминоту хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият аҳамияти аввалиндараҷа равона карда шавад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2025 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед