Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СААД, таҳдидҳо ба амнияти дастҷамъӣ ва ҷанбаҳои гуногуни масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокдорон масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва киберҷиноятҳоро баррасӣ карда, барои тақвияти ҳамоҳангӣ ва тадбирҳои муштарак зидди таҳдиду хатарҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Зимни ҷаласаи Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД Юсуф Раҳмон доир ба татбиқи марҳилаи аввали Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ибрози назар карда, ба давлатҳои аъзо ва Дабири кулли СААД барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Дар анҷом як қатор санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки барои таҳкими низоми амнияти дастҷамъии минтақа заминаи мусоид фароҳам меоранд.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






