Зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумрук -«АСИКУДА-и ҷаҳонӣ» фаъол карда шуд

Июнь 16, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи июни соли равон зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-  «АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ» дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ фаъол гардид, хабар  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зернизоми мазкур  бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат ба раванди табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ фаъол гардидааст.

Бо амалӣ  гардидани ин зернизом,  воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт шуда, маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб гардида, пардохти ғайринақдии маблағҳои мазкур то иҷозат додан ба вуруду хуруҷи восиатҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин карда мешавад.

Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ равона гардидааст.

Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.

АКС:Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми  автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон  таҳия шудааст.

Июнь 16, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд