Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид

Июль 17, 2025 11:09

ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ин давра миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 253 номгӯй расонида шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 6,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5 фоиз таъмин гардид. Масоҳати кишти зироат 262,8 ҳазор гектарро ташкил дод.

Ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба иқтисодиёти вилоят ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 104 фоиз таъмин гардид.

Дар соҳаи сохтмон 215 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар соҳаи нақлиёт 23 миллион тонна бор ва 155,5 миллион мусофир кашонида шуд.

Ҳамзамон ҳаҷми гардиши савдо ба 10 миллиард сомонӣ расида, содирот 727,2 миллион доллар ва воридот 1,3 миллиард долларро ташкил дод. Нақшаи даромади буҷет 107,5 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 3,1 миллиард сомонӣ ворид гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 17, 2025 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид