Ҳайати меҳмонон аз Муғулистон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид

Июль 25, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/.  25 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ҳайати меҳмонон аз Муғулистон ба шаҳри нурофарони Тоҷикистон — Норак рафта, бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» бо он ҷолиб аст, ки сарбанди аз сангу гил сохташудаи 300-метрааш баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Обанбори истгоҳ низ хеле бузург буда, дарозии он 70 метр, масоҳати сатҳи об 98 километри мураббаъ ва ҳаҷми он 10,5 километри мукааб мебошад.

Таъкид гардид, ки дар бунёди ин  иншооти бузурги стратегию энергетикӣ  намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни  ҷаҳон саҳм гузоштаанд. Неругоҳи барқи обии «Норак»  бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза барои пешрафти саноати мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Меҳмонон аз пазироии самимии мардуми сарбаланди Тоҷикистон, боду ҳавои форам, ҳусни нотакрори табиати ин сарзамин ва обҳои мусаффои ҷонбахш таассуроти нек бардошта,  Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида,   ба мардуми меҳмоннавозии он баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон аз 23 то 26 июл идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ ва рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор шуданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Норак

Июль 25, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд