Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 3-юми ғайринавбатии Маҷмаи умумии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (ICDO) баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани тобоварию устуворӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мустаҳкам намудани иқтидори сохторҳои миллии мудофиаи гражданиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон ва Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯриҳо омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон муҳокима гардид.
Дар доираи ҷаласаи 3-юми Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ намояндагони давлатҳо дар тамрини фаврӣ-тактикии «Боку-2025» ва намоиши техникаи садамавию наҷот иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






