Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи байналмилалӣ оид ба амнияти киберӣ ва идоракунии зеҳни сунъӣ дар Чин иштирок намуд

Июль 30, 2025 12:10

ДУШАНБЕ, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 27 июли соли 2025 таҳти унвони «Амнияти киберӣ ва идоракунии зеҳни сунъӣ» (Cybersecurity and AI Governance) Барномаи байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар доираи барнома иштирокчиён дар машғулият ва омӯзишҳои амалии байналмилалӣ иштирок намуданд. Омӯзишҳо мавзуъҳои «Протоколҳо ва сиёсати амнияти рақамӣ», «Татбиқи зеҳни сунъӣ дар муҳити техникию илмӣ», «Табодули таҷриба байни донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳон» ва «Идоракунии хавфҳои технологии муосир»-ро фаро гирифтанд.

Баъд аз хатми муваффақонаи барнома иштирокчиён Шаҳодатномаи байналмилалии хатми омӯзиш ба даст оварданд, ки ин марҳилаи муҳим дар такмили ихтисоси устодон мебошад.

Иштироки кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар барномаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қадами муҳим дар самти баланд бардоштани иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва дараҷаи касбии онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 5 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 24 сентябри соли 2024 баргузор гардида буд, изҳор доштанд, ки танҳо тавассути гуфтугӯ ва ҳамкории мутақобил ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҳадафҳои умумӣ ноил гардад.

Бо ишора ба нақши ҳалкунандаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба заминаи муносиб барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор табдил ёфтаанд. Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, стратегия ва санадҳои муҳими консептуалиро ба тасвиб расонида, гузариш ба системаи рақамикунониро марҳала ба марҳала ба роҳ мемонад».

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки «Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи навбатии худ як қатъномаи махсусро дар мавриди нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қабул намояд».

Ин пешниҳоди муҳим, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ гарм истиқбол гардида, дар ниҳоят ба қабули қатъномаи таърихии Созмони Милали Муттаҳид 25 июли соли 2025 асос гузошт. Он нақши пешсафонаи Тоҷикистонро дар ташаккули низоми глобалии зеҳни сунъии бехатар, боэътимод ва инсондӯстона нишон медиҳад.

Ин санад, ки бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, қадами муҳиме дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар шароити рушду густариши технологияҳои рақамӣ масъалаи амнияти киберӣ барои ҳифзи маълумоти шахсӣ, давлатӣ ва муассисавӣ аҳамияти ниҳоят муҳиму сарнавиштсоз пайдо намудааст. Бо назардошти хатари афзоишёбандаи ҳамлаҳои киберӣ омӯзиши мутахассисон дар ин самт яке аз афзалияти асосии давлатҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Июль 30, 2025 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

31 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушд додани варзиш дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд
Дар шаҳри Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сокинони Лахш дар 5507 гектар картошка кишт намудаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Тоҷикобод дорандаи корти бонкӣ мебошанд
30 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал шуданд
29 ИЮЛ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАЛАНГ. Солҳои охир дар сайёра теъдоди ин ҷонвар кам мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад