Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати 10-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар шаҳри Кумини Ҷумҳурии Мардумии Чин Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни машварат ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, мубориза бар зидди пайомадҳои тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва биёбоншавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гузариш ба роҳҳои инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, ба роҳ мондани даври пурраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати электронӣ ва кишоварзии ҳушманд, рафъи монеаҳои содироту воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти фитосанитарию карантини растанӣ, селексия, тухмипарварӣ ва биотехнология, дастгири доираҳои илмӣ ва бахши хусусиро баррасӣ намуданд.
Иштирокчиён вобаста ба тағйирёбии иқлим, тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва татбиқи муштараки технологияи аграрии муосир, амалӣ намудани ташаббусҳои кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба доираҳои соҳибкорӣ, ҳарчи бештар сармоягузорӣ намудани корхонаҳои коркарди маҳсулот, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва пешбурди корҳои селексионӣ табодули афкор намуданд.
Дар машварат ҳамзамон оид ба масоили устувор намудани соҳаи кишоварзии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нисбат ба пайомадҳои баъдӣ, рушди устувори логистикӣ ва занҷираи арзиши иловашуда, таъсиси низоми ягонаи огоҳонидани бармаҳал, мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони сарҳадгузар ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзии «сабз» ибрози андеша карда шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






